Президенти Ӯзбекистон ба Озарбойҷон рафт

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари корӣ ба ин кишвар рафт.

Тибқи барномаи будубош дар Боку сарвари давлати мо дар ҷаласаи умумии нишасти сарони Ҷунбиши кишварҳои бетараф, ки ба барқарорсозии сулҳи пас аз пандемия бахшида шудааст, ширкат хоҳад кард.

Ҳамчунин мулоқот бо Президенти Озарбойҷон дар назар аст, ки дар ҷараёни он раҳбарон масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: