ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БА СИНДАО ОМАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар ҷамъомади 18-уми Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай 8 июн ба шаҳри Синдаои Ҷумҳурии Мардумии Чин омад.

Дар фурудгоҳи байналхалқии «Лютин» роҳбари давлатамонро вакилони ҳукумати Чин пешвоз гирифтанд.
Чорабиниҳои асосии анҷуман ба 9-10 июн муқаррар гаштааст.
Махсусияти анҷумани кунунӣ дар он аст, ки ҷамъомади Шӯрои сарони давлатҳо бори аввал дар андозаи «ҳаштгона», яъне бо иштироки Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ ва Президенти Покистон Мамнун Ҳусейн чун сарони давлатҳое, ки аъзои баробарҳуқуқи ташкилот ба шумор мераванд, барпо мегардад.
Чи хеле ки маълум аст, соли 2016 дар Анҷумани Тошканд Ҳиндустон ва Покистон дар бораи ӯҳдадориҳо ба мақсади дарёфти мақоми давлати аъзои СҲШ меморандумро ба имзо расонданд, соли гузашта дар Остона онҳо аъзои баробарҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай гардиданд.
Дар Синдао сарони давлатҳои ташкилот аввал дар доираи танг гуфтугӯ намуда, баъдан дар ҳайати васеъ бо иштироки вакилони давлатҳое, ки соҳиби мақоми нозир мебошанд, мулоқот хоҳанд кард. Зимни ин вохӯриҳо масъалаҳои такомули минбаъдаи фаъолияти ташкилот, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, бехатарӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, технологияи баланд ва инноватсия, сармоягузорӣ, маданиву инсонпарварӣ муҳокима мегарданд.
Дар поёни ҷамъомад қабул намудани Декларатсияи Синдаои сарони давлатҳо ба нақша гирифта шудааст. Инчунин ба имзо расондани ҳуҷҷатҳои мутааллиқ ба ҳамкорӣ дар ҷанбаҳои мубориза бар зидди терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифроткорӣ, некҳамсоягӣ ва дӯстии дарозмуҳлат, қабули муроҷиати муштарак ба ҷавонон пешбинӣ гаштааст. Ҳамзамон дигар ҳуҷҷатҳое низ қабул хоҳанд гардид, ки ба рушди ҳамкории байни давлатҳои аъзои ташкилот дар соҳаҳои мухталиф нигаронда шудааст.
Сарони мамлакатҳо қарорро дар бораи давлати раисикунандаи ташкилот барои давраи оянда қабул менамоянд, номзадҳоро ба вазифаҳои котиби генералии СҲШ ва директори Кумитаи иҷрогари Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ тасдиқ мекунанд.
Дар доираи ҳамоиши СҲШ баргузор намудани гуфтугӯҳои дуҷониба ва мулоқотҳои Президенти Ӯзбекистон бо роҳбарони баъзе давлатҳо ба нақша гирифта шудааст.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: