Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари корӣ ба шаҳри Ашқобод омад.
Дар аэропорт сарвари давлатамонро ҷонишини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригулӣ Атахаллиев ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Чорабиниҳои асосӣ фардо, 11 октябр баргузор мешаванд.
Раҳбари Ӯзбекистон дар иҷлосияи умумии Форуми байналмилалии “Пайвастагии замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу тараққиёт” бахшида ба 300-солагии шоир ва файласуфи туркман Махтумқулӣ Фироғӣ суханронӣ мекунад.
Дар чаҳорчӯби барномаи чорабинӣ Президенти кишварамон мулоқотҳои дуҷониба низ доир хоҳад кард.