Президенти Ӯзбекистон ба ҳамкории пурсамар бо Созмони байналмилалии меҳнат баҳои баланд дод

  • Президенти Ӯзбекистон ба ҳамкории пурсамар бо Созмони байналмилалии меҳнат баҳои баланд дод

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 июл директори генералии Созмони байналмилалии меҳнат Жилбер Унгборо, ки бо боздиди корӣ дар кишвари мо мебошад, қабул кард.

Масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо ин институти бонуфузи СММ баррасӣ шуданд.

Директори генералии Созмони байналмилалии меҳнат барои истиқболи самимӣ изҳори минатдории гарму ҷӯшон намуда, ба дастовардҳои Ӯзбекистон дар таъмини ҳуқуқи меҳнаткашон, таъсиси ҷойҳои корӣ ва татбиқи конвенсияҳои байналмилалӣ баҳои баланд дод.

Ба ин муносибат вай боздиди худро ифодаи пуштибонӣ аз ислоҳоти самарабахш таҳти роҳбарии сарвари Ӯзбекистон номид.

Таъкид гардид, ки СБМ таҷрибаи кишвари моро дар ин самт ба сифати модули муваффақ барои омӯзиш ва татбиқи байналмилалӣ арзёбӣ мекунад. Моҳи июни соли ҷорӣ ба Шӯрои маъмурии ин созмон интихоб шудани Ӯзбекистон эътирофи ин мебошад.

Дар тӯли солҳои охир ҳамкорӣ байни Ӯзбекистон ва СБМ ба дараҷаи сифатан нав бардошта шуд. Бо мусоидати Созмон дар Ӯзбекистон зиёда аз 40 ҳуҷҷати меъёрии соҳаи меҳнат қабул гардида, 22 конвенсияи байналмилалӣ ба тасвиб расид.

Аҳамияти татбиқи чорабиниҳои муштарак оид ба пешбурди тамоюлҳои адолати иҷтимоӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Эътилофи умумиҷаҳонӣ барои адолати иҷтимоӣ қайд карда шуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқот оид ба таҳия ва қабули Барномаи нави кишвар барои солҳои 2026-2030 тавофуқ ҳосил шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: