Президенти Ӯзбекистон баланд бардоштани самарабахшии ҳамкории бисёрҷонибаро дар минтақа пешниҳод кард

  • Президенти Ӯзбекистон баланд бардоштани самарабахшии ҳамкории бисёрҷонибаро дар минтақа пешниҳод кард
  • Президенти Ӯзбекистон баланд бардоштани самарабахшии ҳамкории бисёрҷонибаро дар минтақа пешниҳод кард
  • Президенти Ӯзбекистон баланд бардоштани самарабахшии ҳамкории бисёрҷонибаро дар минтақа пешниҳод кард
  • Президенти Ӯзбекистон баланд бардоштани самарабахшии ҳамкории бисёрҷонибаро дар минтақа пешниҳод кард
  • Президенти Ӯзбекистон баланд бардоштани самарабахшии ҳамкории бисёрҷонибаро дар минтақа пешниҳод кард
  • Президенти Ӯзбекистон баланд бардоштани самарабахшии ҳамкории бисёрҷонибаро дар минтақа пешниҳод кард
  • Президенти Ӯзбекистон баланд бардоштани самарабахшии ҳамкории бисёрҷонибаро дар минтақа пешниҳод кард
  • Президенти Ӯзбекистон баланд бардоштани самарабахшии ҳамкории бисёрҷонибаро дар минтақа пешниҳод кард

21 июл дар шаҳри Чӯлпон-Ота Вохӯрии чаҳоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш таҳти раёсати Президенти Қирғизистон Садир Жапаров Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ширкат доштанд.

Масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар вокуниши муштарак ба чолишҳои муосир ва таҳдидҳои амнияти минтақавӣ, дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ба хотири таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва идомаи табодули фаъоли фарҳангиву гуманитарии кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд.

Сарвари давлатамон зимни суханронии худ қайд намуд, ки ба шарофати муколамаи мунтазам дар ин формат имкони таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, фароҳам овардани фазои комилан нави созандаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ имконпазир гардид.

– Мо вазифаҳои мураккаби таъмини амнияту субот, рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Осиёи Марказиро пайваста ҳал карда истодаем, – таъкид кард Президенти Ӯзбекистон.

Дар ин роҳ монеаҳои зиёде бартараф карда шуда, барои рафту омади озоди шаҳрвандони мо, мубодилаи фаъоли маданию сайёҳӣ шароит фароҳам оварда шуд. Муҳити мусоид ба вуҷуд омадааст, ки ба афзоиши савдои мутақобила ва сармоягузорӣ мусоидат мекунад.

Кишварҳои минтақа ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки кооператсияи саноатӣ, офаридани занҷирҳои самараноки арзиши иловагӣ ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ шурӯъ кардаанд.

– Аз ҳама муҳимаш он аст, ки халқҳои бародари мо ҳамаи ин дигаргуниҳои мусбатро ҳис мекунанд, — гуфт роҳбари мамлакатамон.

Дар баробари ин, сарвари давлатамон вазъи мураккаби ҷаҳонро, ки бевосита ба минтақаи мо таъсир мерасонад, қайд намуд.

Тағйироти босуръати тартиботи байналмилалӣ, ки оқибатҳои онро пешгӯи кардан душвор аст, ба мушоҳида мерасад. Ҷаҳон шоҳиди афзоиши касри муколама ва эътимод дар сатҳи ҷаҳонӣ аст.

Дар натиҷаи шиддат гирифтани буҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ кишварҳои мо бо мушкилоти шикастани занҷираи анъанавии таъминот рў ба рў шуда, таварруми воридотӣ афзоиш ёфта, хатарҳои амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ чандин маротиба афзудааст.

– Дар ин шароит талабот ба ҳамоҳангсозӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи формати вохӯриҳои машваратӣ боз ҳам меафзояд, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Мехоҳам таъкид намоям, ки сулҳу субот ва шукуфоии тамоми минтақа ба ваҳдат, омодагии мо барои андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои умумии Осиёи Марказӣ вобаста аст.

Президенти Ӯзбекистон нуқтаи назари худро оид ба масъалаҳои мубрами рӯз баён намуда, барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанба ва рушди ҳамкориҳои амалии минтақавӣ як қатор пешниҳодҳоро ба миён гузошт.

Таъкид гардид, ки ки сарфи назар аз динамикаи мусбат, иқтидори ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳои мо то ҳол ифшонашуда боқӣ мемонад. Имрўз аз рўи арзёбиҳои гуногун аз 5 то 10 фоизи ҳаҷми умумии муомилоти моли кишварҳои мо ба савдои дохилиминтақаҳо рост меояд.

Ба ин муносибат таклиф карда шуд, ки шаклу механизмхои нави ҳавасманд гардондани савдои байниҳамдигарӣ фаъолона ҷорӣ карда шаванд. Сухан дар бораи ташкили системаи минтақаҳои савдои наздисарҳадии дорои қоидаҳои ягона ва расмиёти соддакардашудаи интиқоли мол меравад.

Сарвари давлатамон ба пурзӯр намудани талошҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳое, ки ба ивази воридот аз кишварҳои сеюми маҳсулоти истеҳсолкунандагони кишварҳои минтақа нигаронида шудаанд, даъват кард.

Вазифаи дигари муҳим пеш бурдани лоиҳаҳои муштараки кооператсияи саноатӣ мебошад. Президенти кишварамон аҳамияти таҳияи Равишҳои муштаракро барои ташаккули Фазои маҳаллисозии саноатӣ ва ивазкунандаи воридоти Осиёи Марказӣ дар асоси барномаҳои миллии рушди саноат таъкид намуд.

Раҳбари Ӯзбекистон даъват намуд, ки ба масъалаҳои рақамисозии бахшҳои иқтисод таваҷҷуҳи хоса диҳанд, ки боиси коҳиши арзиши аслӣ ва таъмини рақобатпазирии маҳсулот мешавад.

Ба манзури рушди минбаъдаи равобити тиҷорию иқтисодӣ ҳамчунин пешниҳод шуд, ки аз имконоти ҳамкории мустақими байниминтақавӣ васеътар истифода шуда, Форуми ҳарсолаи минтақаҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ шавад.

Шавкат Мирзиёев ба шарикони минтақа барои дастгирии қатъномаи махсуси Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба таҳкими ҳамбастагии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки бо ташаббуси Ӯзбекистон қабул шудааст, изҳори сипос кард ва дар рушди ин ташаббус ҷонибдори таҳияи “харитаи роҳ” оиди пешбурди долонҳои афзалиятноки нақлиётии муқобил барои ворид шудан ба бозорҳои Ҳиндустон, Покистон ва Чин гардид.

Таваҷҷуҳи иштирокдорон ба аҳамияти кори мунтазами муштарак ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, пеш аз ҳама, ба манфиатҳои умумии минтақаи Осиёи Марказӣ ҷалб карда шуд.

Бо ин мақсад Президенти кишварамон пешниҳод кард, ки якҷоя Нақшаи маҷмўии таъминоти кафолатноки аҳолӣ бо навъҳои васеи маҳсулоти хўрокворӣ, ки дар кишварҳои мо ба ҳаҷми кифоя истеҳсол мешавад, таҳия карда шавад. Аҳамияти ҳамкории бисёрҷониба дар самти экологӣ таъкид шуд.

Дар чаҳорчӯби барномаи “Рӯзномаи сабз”, ки Ӯзбекистон барои Осиёи Марказӣ таҳия кардааст, шарикон даъват карда шуданд, ки ба масъалаҳои декарбонизатсияи иқтисодиёт, рушди пешрафтаи энергетикаи алтернативӣ бо ташкили интиқоли барқи мутақобила, васеъ ҷорӣ намудани истифода бурдани технологияи обсарфакунӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, инчунин истифодаи оқилонаи захираҳои об эътибор диҳанд.

Президенти кишварамон бо таассуф изҳор дошт, ки имрӯз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаи «рушди сабз» аз минтақаҳои пешрафтаи ҷаҳон хеле ақиб мондаанд.

 – Барои таъмини рақобатпазирии кишварҳои мо дар пешомади дарозмуддат имрӯз бояд ба ҳукуматҳо супориш дода шавад, ки ҷиҳати татбиқи барномаи имрӯз қабулшуда Нақшаи чорабиниҳои мушаххас омода кунанд, – қайд кард сарвари давлатамон.

Барои боз ҳам наздик шудани халқҳои бародарии кишварҳои минтақа омӯзиши амиқи таърихи муштарак, инчунин барномаҳои муштарак дар соҳаи фарҳанг, маориф, варзиш ва сайёҳӣ зарур аст.

Дар ин замина Президенти кишварамон пешниҳод кард, ки ба таври навбатӣ Фестивали фарҳанг, санъат ва синамои Осиёи Марказӣ баргузор шавад.

Қайд карда шуд, ки туризми дохилиминтақавӣ бояд тавассути таҳияи маршрутҳои сайёҳӣ ва маҳсулоти махсус, гузаронидани пиар-маъракаҳои ягона бояд фаъолона ҳавасманд карда шавад.

Ташаббуси омода намудани Созишномаи бисёрҷониба оид ба самтҳои умумии татбиқи сиёсати ҷавонон ба миён гузошта шуд.

Сарвари давлатамон ба самтҳои стратегии ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи амният таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.

  –  Таъкид мекунам, ки амнияти минтақа ҷудонашаванда аст ва пеш аз ҳама аз он вобаста аст, ки ҳамкориҳои мо то чӣ андоза муассир ба роҳ монда шудааст, –  гуфт Шавкат Мирзиёев.   –  Дар ин росто, моро зарур аст, ки ҳамкориҳои амалиро дар мубориза бар зидди таҳдидҳои анъанавии ифротгароӣ ва терроризм, ҷиноятҳои муташаккил ва қочоқи маводи мухаддир боз ҳам густариш бахшем.

Ба гуфтаи сарвари давлатамон, чолишҳои нави марбут ба фаъолиятҳои ғайриқонунӣ дар Интернет, ки миқёси онҳо афзоиш меёбад, таваҷҷуҳи ҷиддиро тақозо мекунад.

Таъкид шуд, ки идомаи ҳамкории зич дар масъалаҳои мусоидат ба таъмини сулҳи дарозмуддат ва барқарорсозии иҷтимоию иқтисодии Афғонистон бояд авлавияти аввалиндараҷа боқӣ монад.

Кишварҳои минтақа, ҳамчун ҳамсояи наздики ин кишвар, бояд ба суботи он бештар аз ҳама манфиатдор бошанд, гуфт роҳбари Ӯзбекистон.

Вай аз густариши фаъолонаи равобити тиҷорӣ бо ин кишвар, ҷалби он ба равандҳои иқтисодии минтақавӣ, густариши кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон, пешбурди лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ва зерсохтӣ ҷонибдорӣ кард.

Дар поёни суханронии худ Президенти кишварамон изҳори итминон кард, ки натиҷаҳои Мулоқоти машваратӣ ба таҳкими шарикии стратегӣ ва эътимоди кишварҳоямон хизмат карда, барои пешбурди барномаҳо ва лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳои амалӣ такони қавӣ мебахшад.

Президентҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон дар суханрониҳои худ аҳамияти баргузории чунин вохӯриҳои мунтазамро таъкид намуда, ҳамчунин як қатор ташаббусҳоро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикӣ дар минтақа ба миён гузоштанд.

Бинобар ҷамъбасти ҳамоиш Шартномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI ба имзо расид. Сарони давлатҳо Изҳороти муштараки Мулоқоти машваратии Чӯлпон-Ота, «Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ барои солҳои 2022-2024», Барномаи минтақавии «Рӯзномаи сабз» барои Осиёи Марказӣ, инчунин Консепсияи ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказиро дар доираи форматҳои бисёртарафа қабул карданд.

Бо ҳамин Мулоқоти чаҳоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба анҷом расид.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: