Президенти Ӯзбекистон бо Комиссари олии САҲА самтҳои асосии ҳамкориро муҳокима намуд

  • Президенти Ӯзбекистон бо Комиссари олии САҲА самтҳои асосии ҳамкориро муҳокима намуд
  • Президенти Ӯзбекистон бо Комиссари олии САҲА самтҳои асосии ҳамкориро муҳокима намуд
  • Президенти Ӯзбекистон бо Комиссари олии САҲА самтҳои асосии ҳамкориро муҳокима намуд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 август Комиссари олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масъалаҳои ақаллиятҳои миллӣ Қайрат Абдраҳмоновро қабул кард, ки ба мамлакатамон ташриф овардааст.

Масъалаҳои роҳандозии ҳамкории амалӣ ва ҳамчунин истиқболи татбиқи лоиҳа ва барномаҳои муштарак дар ҷанбаи таъмини мусолиҳаи байнимиллӣ ва рушди устувор баррасӣ гардиданд.

Бо қаноатмандӣ дараҷаи имрӯзаи гуфтугӯи муфид ва ҳамдастии босамар бо институтҳои САҲА аз рӯи самтҳои бартаринок – дар соҳаҳои бехатарӣ, иқтисодиёт ва экология, гуманитарӣ таъкид гардид. Якҷоя «нақшаи роҳ» ба амал татбиқ мегардад, ки қариб 50 чорабиниро ба ояндаи миёнамуддат пешбинӣ менамояд.

Зимни мулоқот Комиссари олӣ ба сиёсати дар мамлакатамон татбиқшаванда доир ба рушди маданияти таҳаммул ва инсонпарварӣ, таъмини ҳамдигарфаҳмӣ ва мусолиҳаи байнимиллӣ ва шаҳрвандӣ, дар асоси он тарбия намудани насли ҷавон баҳои баланд дод.

Ташаббусҳои Ӯзбекистон дар заминаи мустаҳкам намудани муносибати дӯстона, некҳамсоягӣ ва шарикии бисёрҷанба дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамдастӣ ба рушди сулҳомез ва барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон ҷонибдорӣ гардид.

Дар бобати баргузор намудани чандин чорабинии муштарак – семинари минтақавӣ оид ба масъалаҳои таъмини мусолиҳаи байнимиллӣ ва тақдимоти таҷрибаи байналхалқӣ ва тавсияҳои САҲА, инчунин иштироки ҳайати Ӯзбекистон дар «мизи мудаввар» оид ба масъалаҳои муносибати байнимиллӣ аҳду паймон ба амал омад.

Инчунин татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи таълими бисёрзабонӣ, аз он ҷумла дар доираи Барномаи таълимии Осиёи Марказӣ пешбинӣ мегардад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: