ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БО МУШОВИРОНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ МУЛОҚОТ НАМУД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 март гурӯҳи мушовирони байналхалқӣ Алфред Гузенбауэр, Александр Квасневский ва Штефан Фюлеро пазируфт.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 март гурӯҳи мушовирони байналхалқӣ Алфред Гузенбауэр, Александр Квасневский ва Штефан Фюлеро пазируфт.
Вазифаи асосии гурӯҳи мушовирони байналхалқӣ дар рушд ва тавсеа намудани ҳамкории бисёрҷанбаи мамлакатамон бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар пеш бурдани барномаҳои ислоҳот, такмил додани муҳити сармоягузорӣ ва корӣ, ҷалби сармояҳои бевосита ва технологияи пешқадам ба иқтисодиёти Ӯзбекистон, ташаккул додани механизмҳои босамар ва дастгоҳҳои шарикӣ бо доираҳои корчаллони Аврупо аз ҳамдастӣ намудан иборат  мебошад. 
Бояд таъкид кард, ки мушовироне, ки солҳои гуногун дар вазифаҳои баланди давлатӣ будаанд, имрӯз дар байни доираҳои расмӣ, корӣ ва ҷамъиятии Аврупо обрӯйи баланди байналхалқӣ доранд, дар ширкатҳои пешсафи машваратӣ, сармоявӣ ва саноатӣ таҷрибаи кории ғанӣ доранд.
Ҳамин тариқ, Алфред Гузенбауэр, ки муассиси ширкати консалтингии «Gusenbauer Projekt-entwicklung & Beteiligung» ба шумор меравад, солҳои 2000-ум Канслери федералии Австрия буд. Роҳбари фонди «Amicus Europe» Александр Квасневский Президенти Полша буд. Штефан Фюле ҳоло мушовири ширкати «CITIC Europe Holdings» буда, дар вазифаи комиссари ИА доир ба масъалаҳои тавсеабахшӣ ва сиёсати некҳамсоягӣ бомуваффақият кор кардааст.
Зимни мулоқот табодули афкор доир ба масъалаҳои муҳими ислоҳот ва рушди институтсионалии мамлакатамон ошкоро ва конструктив ба вуқӯъ пайваст.
Меҳмонон ба барномаи бозсозии Ӯзбекистон баҳои баланд доданд ва дастгирии пурраи худро изҳор намуданд. Махсусан дастовардҳо ва натиҷаҳои дақиқи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии дар мамлакат татбиқшаванда дар шароити мураккаби пандемияи коронавирус ва ҳамчунин тараққиёти назарраси Ӯзбекистон дар ҳамгароӣ бо ҷараёнҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ таъкид гардиданд.
Тавсияҳои мушовирон доир ба таҳия намудани стратегияи дарозмуддати ислоҳоти иқтисодӣ ва минбаъд такмил додани низоми идораи давлатии ҷумҳурӣ, тавсеаи муносиботи муфиди тарафайни мамлакатамон бо шарикони хориҷӣ баррасӣ гардиданд.
Ба баланд бардоштани шаффофӣ ва беҳсозии муҳити инвеститсионӣ, татбиқи васеи механизмҳои бозор ва ташаккули муҳити рақобатпазир, рушди сектори бонку молия ва бозори сармоя дар ҷумҳурӣ эътибори махсус нигаронда шуд.
Мушовирон инчунин таъкид карданд, ки ба туфайли батадриҷ гузаштани иқтисодиёт ва баланд бардоштани шаффофияти он барои сармояи хориҷӣ имконоти васеъ барои афзоиши ҳамкории сармоягузорӣ ва инноватсионӣ бо мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо ташаккул меёбад.
Хусусияти бартариноки масъалаҳои нигоҳ доштани дараҷаи кунунии баланди ҳамкории Ӯзбекистон бо ИА, мустаҳкам намудани алоқаҳои муфиди тарафайн ва пурра намудани онҳо бо муҳтавои амалӣ, ҳарчи зудтар қабул намудани шартнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкории васеъ ва ҳамчунин дастгирӣ намудани дохил шудани мамлакатамон ба ТҶС тасдиқ карда шуд.
Инчунин механизмҳои ҳамкорӣ дар масъалаҳои либерализатсияи савдо ва бартараф намудани мамониатҳое, ки ба афзоиши мубодилаи амволи тарафайн ва сармоя, дастрасӣ ба бозор садди роҳ мегарданд, баррасӣ гардиданд.
Дар поёни мулоқот аҳду паймон дар бобати идома додани ҳамкории зич ва табодули фаъол ба даст омад. Вазифаҳои аввалиндараҷа ва андозаи ҳамкории амалӣ барои ояндаи наздик ҳамоҳанг карда шуданд.

 ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: