Президенти Ӯзбекистон бо Нахустин Президенти Қазоқистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод

Имрӯз, 1 декабр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон -- Елбошӣ Нурсултон Назарбоев гуфтугӯи телефонӣ дошт.

Имрӯз, 1 декабр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон -- Елбошӣ Нурсултон Назарбоев гуфтугӯи телефонӣ дошт.

Дар оғози сӯҳбат сарвари давлати мо Нурсултон Назарбоев ва халқи бародари қазоқро бо Рӯзи Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон самимона табрик гуфт.

Нақши таърихии Элбошӣ дар ташаккул ва рушди босуръати Қазоқистони замонавӣ, баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, инчунин саҳми бузургаш дар таҳкими муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек дар минтақаи Осиёи Марказӣ махсус таъкид карда шуд.

Роҳбарон ба сатҳи кунунии муносибатҳои гуногунҷабҳаи Ӯзбекистон ва Қазоқистон, ки ба принсипҳои шарикии стратегӣ, эътимоди тарафайн ва дастгирӣ асос ёфтаанд, баҳои баланд доданд.

Густариши ҳамкории амалӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Сарфи назар аз оқибатҳои пандемия, лоиҳаҳои нави кооператсия дар соҳаҳои савдо, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика ва дигар соҳаҳои афзалиятнок татбиқ карда мешаванд.

Ҳамоҳангии наздик оид ба пешгирии барвақт ва табобати самараноки сирояти коронавирус идома дорад.

Мубодилаи фарҳангию гуманитарӣ васеъ мешавад, кор оид ба лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳои байниминтақавӣ идома дорад.

Зимни сӯҳбати телефонӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор  сурат гирифт.

Сӯҳбати роҳбарони Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар фазои анъанавӣ самимона, гарм ва дӯстона гузашт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: