Президенти Ӯзбекистон бо намояндагони доираҳои соҳибкории Миср мулоқот кард

  • Президенти Ӯзбекистон бо намояндагони доираҳои соҳибкории Миср мулоқот кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо намояндагони доираҳои соҳибкории Миср мулоқот кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо намояндагони доираҳои соҳибкории Миср мулоқот кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо намояндагони доираҳои соҳибкории Миср мулоқот кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо намояндагони доираҳои соҳибкории Миср мулоқот кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо намояндагони доираҳои соҳибкории Миср мулоқот кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо намояндагони доираҳои соҳибкории Миср мулоқот кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо намояндагони доираҳои соҳибкории Миср мулоқот кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи аввали сафари расмии худро ба Ҷумҳурии Мисри Араб аз мулоқот бо роҳбарони ширкатҳои бонуфузи ин кишвар оғоз кард.

Дар чорабинӣ аз ҷониби Миср вазири ҳамкориҳои байналмилалӣ Раниё ал-Машат, президенти Федератсияи палатаҳои савдо Иброҳим Маҳмуд ал-Арабӣ, роҳбарони ширкатҳои бузург ба монанди Elsewedy Electric, El Araby Group, Orascom Construction, Poliserve Group, Al-Rowad, Lotus Garments Group ва дигарон иштирок доштанд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки дар равобити дуҷониба иқтидори бузург, барои густариши алоқаҳои соҳибкорӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ, густариши сармоягузориҳои мутақобила ва афзоиши гардиши мол миёни Ӯзбекистон ва Миср имкониятҳои бузург мавҷуданд.

Роҳбари кишварамон нақши муҳимеро, ки доираҳои соҳибкории ду кишвар дар бунёди пулҳои замонавии мустаҳками ҳамкорӣ, аз ҷумла дар мисоли барқарор кардани хатсайри Роҳи бузурги абрешим, ки дар гузашта нашъунамо ёфта буд, мегузоранд, таъкид кард.

Динамикаи рушди шарикӣ дар солҳои охир бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Аз ҷумла, нишондиҳандаҳои муомилоти мол зиёд шуда, шумораи лоиҳаю корхонаҳои муштарак 6 баробар афзуд.

Сарвари давлатамон ба натиҷаҳои анҷумани тиҷоратии Ӯзбекистону Миср, ки ба қарибӣ баргузор гардида, дар ҷамъбасти он оид ба татбиқи беш аз 20 созишнома ва қарордод ба миқдори умумии 1,6 миллиард доллар ба мувофиқа расиданд, баҳои баланд дод.

 

Имкониятҳои васеи ҳамкориҳои саноатӣ дар соҳаҳои энергетика, электротехника, кимиё, маъдан, нассоҷӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ ва чарму пойафзолдӯзӣ қайд карда шуданд.

– Ширкатҳои Миср барои якҷоя амалӣ гардондани барномаҳои калони сармоягузорӣ дар кишвари мо ҳамаи имкониятҳоро доранд, – қайд намуд Шавкат Мирзиёев.

Оид ба самтҳои пешомадноки ҳамкориҳо ва татбиқи нуқтаҳои нави афзоиш мубодилаи афкор сурат гирифт. Барои ҳарчи зудтар оғоз намудани лоиҳаю созишномаҳои якҷоя таклифҳо пешниҳод карда шуданд.

Намояндагони ширкатҳои бонуфузи Миср дар баромадҳои худ ба ислоҳоти васеъмиқёс дар Ӯзбекистони Нав баҳои баланд доданд.

Махсусан таъкид гардид, ки дигаргуниҳои амалшаванда, озодгардонии иқтисодиёт ва фароҳам оварда шудани фазои мусоиди сармоягузорӣ барои васеъ гардондани ҳузури тиҷорати мисрӣ дар бозори Ӯзбекистон имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

Масалан, ширкати Elsewedy Electric –  бузургтарин тавлидкунандаи неруи барқ, трансформатор ва маҳсулоти кабелии Миср – барои таҳияи амалии лоиҳаҳои муштараки сохтмони неругоҳҳои шамолӣ ва офтобӣ, ташкили истеҳсоли трансформаторҳо, маснуоти кабелию симӣ ва лавозимот омода аст.

Роҳбарияти ширкати Orascom Construction изҳор намуданд, ки аз  татбиқи лоиҳаи таъсиси парки саноатӣ дар Ӯзбекистон бо минбаъд ба роҳ мондани  иқтидорҳои истеҳсоли маҳсулоти лаку ранг ва маводи кимиёвӣ барои масолеҳи сохтмонӣ дар қаламрави он, инчунин сохтмони неругоҳи бодӣ бо иқтидори 100 МВт манфиатдоранд.

Сармоягузорони бузурги Миср дидгоҳҳои худро бобати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ба ҳам дида, таъкид карданд, ки кишвари моро ба сифати пуле барои ворид шудан ба бозорҳои Осиёи Марказӣ медонанд.

Президент Шавкат Мирзиёев нақшаву ташаббусҳои садододаро дастгирӣ намуда, ба масъулини ҷониби Ӯзбекистон супориш дод, ки аз болои татбиқи лоиҳаҳои пешниҳодшуда назорати қатъӣ таъмин намоянд.

Дар поёни мулоқот қарор шуд, ки “харитаи роҳ” барои таъмини иҷрои амалии лоиҳаҳои муштарак ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ қабул шавад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: