Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб мулоқот кард

  • Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб мулоқот кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб мулоқот кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб мулоқот кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб мулоқот кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 май ба Аморати Муттаҳидаи Араб барои он ки ба муносибати вафоти Президенти кишвар, амири Абу Дабӣ Шайх Халифа бин Зоид Ол Наҳаён ҳамдардӣ изҳор намояд, ташриф овард.

Дар маҷмӯи президентӣ дар Абу Дабӣ сарвари давлатамон бо Президенти навинтихоби Аморати Муттаҳидаи Араб Муҳаммад бин Зоид Ол Наҳайён мулоқот анҷом дод.

Дар оғози мулоқот роҳбари кишварамон ба Президент ва мардуми дӯсти Аморот бинобар даргузашти бемаҳалли Президент Халифа бин Зоид Ол Наҳаён изҳори ҳамдардии амиқ кард. Саҳми бузурги Шайх Халифа дар рушду таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳои мо махсусан қайд карда шуд.

Президенти Ӯзбекистон ҳамчунин Шайх Муҳаммад Ол Наҳаёнро ба муносибати ба мақоми олии давлатии кишвар интихоб шуданаш табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдааш самимона комёбиҳо таманно намуд.

Роҳбарон масъалаҳои мубрами густариши ҳамкориҳои амалии Ӯзбекистону Аморотро баррасӣ карданд.

Сарвари давлатамон инчунин бо вазири корҳои хориҷии АМА Абдулло бин Зоид Ол Наҳаён ва муовини Сарвазир, вазири оид ба корҳои Президент Мансур бин Зоид Ол Наҳаён мулоқот анҷом дод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: