Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Эрон самтҳои пешомадноки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ кард

Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Эрон самтҳои пешомадноки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ кард

Дар ҳошияи чорабиниҳои ҳамоиши навбатии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар пойтахти Туркманистон баргузор шуд, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ мулоқот кард.

Масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои ба ҳамдигар муфиди мамлакатҳои мо муҳокима шуданд.

Бо мақсади мусоидат ба афзоиши ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ дар саноат, истифодаи самараноки иқтидори транзитии ду давлат ва пешбурди барномаҳои табодули фарҳангиву гуманитарӣ аҳамияти ҷонноксозии механизмҳои институтсионалии ҳамкорӣ таъкид гардид.

Сарони Ӯзбекистону Эрон ҳамчунин ба масоили рӯзномаи минтақаӣ дар партави вазъи кунунии Афғонистон, инчунин идомаи муколамаи наздик дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: