Дар доираи нишасти COP29, ки дар шаҳри Боку идома дорад, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Финляндия Александр Стубб мулоқот кард.
Масъалаҳои рушди ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистон-Финляндия баррасӣ гардид. Робитаҳои фаъоли сиёсӣ ва байнипарлумонӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.
Барои ташаккули рӯзномаи нави иқтисодӣ пешниҳод гардид, ки барномаи рушди кооператсияи саноатӣ дар металлургия, электротехника, кимиё, телекоммуникатсия ва дигар соҳаҳо тайёр карда шавад.
Ба ин маъно, аҳамияти омодагии ҳамаҷониба ба ҷамъомади навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва форуми тиҷоратӣ, ки моҳи январи соли 2025 дар шаҳри Ҳелсинки баргузор мешавад, таъкид шуд.
Ба мустаҳкамсозии табодулҳо дар соҳаи таълим ва экология, аз ҷумла ба дурнамои иштироки фаъолонаи Финляндия дар фаъолияти Бунёди трасти СММ барои назди Арал таваҷҷӯҳи махсус дода шуд.
Нақшаи вохӯриҳои ояндаи сатҳи олӣ баррасӣ шуданд.