Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 4 март дар Исломобод бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ вохӯрд.
Президентҳо ҳамдигарро самимона хайрамақдам гуфта, аз густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои шарикии стратегии байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.
Аҳамияти таърихии сафари давлатии кунунии Президенти Ӯзбекистон ба Покистон, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо такони пурқувват мебахшад, таъкид гардид.
Соли 2022 давлатҳои мо санаи муҳим – 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд. Дар давоми ин солҳо дараҷаи баланди муколама ва ҳамкории сиёсӣ ба даст омад.
Муомилоти моли байниҳамдигарӣ мунтазам меафзояд. Соли гузашта сарфи назар аз пандемия он беш аз 50 фоиз афзоиш ёфт.
Масъалаҳои мубрами густариши пайвастаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарони давлатҳо аз созишномаҳое, ки дар ҷараёни сафари давлатӣ ба Покистон ба даст омаданд, истиқбол карданд. ӯамзамон иқтидори бузурги мавҷуда барои таҳкими ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаи гуманитарӣ қайд гардид.
Президенти мамлакатамон ба ҳамоҳанг будани ташаббусҳои Ӯзбекистон ва Покистон дар соҳаи илм, таълим, технологияҳои баланд ва сиёсати ҷавонон ба мақсадҳои мамлакатамон оид ба фароҳам овардани таҳкурсӣ барои Эҳёи Сеюм эътибор доданд.
Омодагӣ ба рушди ҳамаҷонибаи самти мазкури шарикӣ тасдиқ карда шуд. Президенти Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки платформаи кумитаи доимии ҳамкории илмию техникии Созмони ҳамкории исломӣ «КОМСТЕК» барои мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои илмию амалӣ оид ба астрономия, астрофизика, физика, математика, вирусология ва робототехника истифода шавад.
Инчунин оид ба масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифт. Ба ҷанбаҳои бехатарии минтақавӣ ва вазъ дар Афғонистон таваҷҷӯҳи алоҳида дода шуд.
Шавкат Мирзиёев ба Ориф Алвӣ барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ карда, ба муносибати фарорасии ҷашни миллӣ – Рӯзи Покистон муборакбодии самимӣ ва таманноҳои беҳтарин изҳор намуд ва даъват кард, ки дар фурсати барояш қулай ба кишварамон ташриф орад.
Вохӯрӣ дар вазъияти гарму ҷӯшон ва дӯстона гузашт. Ҷонибҳо бори дигар пайравиашонро ба минбаъд амиқ гардондани муносибатҳои бисёрҷониба тасдиқ намуданд.
Бо ҳамин сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Покистон ба охир расид ва Шавкат Мирзиёев ба Тошканд баргашт.