Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Қазоқистон суҳбати телефонӣ анҷом дод

Президентҳои Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Ҷумҳурии Қазоқистон Қасим-Жомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат сарони давлатҳо оид ба инкишофи вазъият дар Қазоқистон, тадбирҳое, ки барои ба эътидол овардани вазъият ва ҳарчи зудтар барқарор намудани сулҳу осоиш дар ҷумҳурӣ андешида мешаванд, мубодилаи афкор карданд.

Раҳбари Ӯзбекистон бори дигар пуштибонии доимии худро аз мардуми бародар ва роҳбарияти Қазоқистон дар талошҳои онҳо ҷиҳати таъмини субот ва шукуфоии кишвар тасдиқ кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: