7 октябр суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба амал омад.
Дар аввали суҳбат сарвари давлатамон пешвои Россияро бо зодрӯзаш самимона муборакбод намуда, ба вай сиҳатии мустаҳкам, беҳбудӣ ва комёбиҳои бузург таманно намуд.
Қайд гардид, ки таҳти роҳбарии Президент Владимир Путин рушди устувори мамлакат таъмин карда мешавад, некуҳолии аҳолӣ бемайлон баланд мегардад, нақш ва нуфузи Россия дар арсаи байналхалқӣ таҳким меёбад.
Ҷонибҳо пайваста таҳким ёфтани муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Россияро бо қаноатмандии амиқ қайд намуданд, ки имрӯз бо мазмуни сифатан нав ғанӣ гардидааст.
Роҳбарони ду мамлакат ба муҳим будани сари вақт дар амал татбиқ намудани қарордодҳои ба дастомада ва созишномаҳои имзошуда, вусъат додани ҳаҷми савдои тарафайн, васеъ гардондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, илмиву техникӣ, нақлиёту логистика, энергетика, кишоварзӣ ва дигари устувор эътибор доданд.
Президентҳо зарурати идома додани ҳамкории самарабахши байнипарлумонӣ, байниминтақавӣ ва маданиву инсонпарвариро таъкид карданд.
Бинобар масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор ба амал омада, инчунин ҷадвали чорабиниҳои ояндаи олидараҷа баррасӣ гардиданд.
Дар хотимаи суҳбати телефонӣ сарони давлатҳо таъкид намуданд, ки ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва шарикии бисёрнақшаи байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия баҳри манфиати ду мамлакату халқ саъйи қатъӣ доранд.
ӮзА.