Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Шӯрои Аврупо мулоқот анҷом дод

  • Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Шӯрои Аврупо мулоқот анҷом дод
  • Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Шӯрои Аврупо мулоқот анҷом дод
  • Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Шӯрои Аврупо мулоқот анҷом дод
  • Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Шӯрои Аврупо мулоқот анҷом дод
  • Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Шӯрои Аврупо мулоқот анҷом дод
  • Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Шӯрои Аврупо мулоқот анҷом дод

Баъди ба шаҳри Чӯлпон-ота омадан 2 июн Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар чаҳорчӯби барномаи нишасти дуюми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел мулоқот кард.

Маҷмӯи васеи масъалаҳои амиқсозии минбаъдаи муносибатҳои серсоҳаи Ӯзбекистону Аврупо ва рушди ҳамкориҳои амалӣ дар формати минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел Сарвари давлатамонро бо натиҷаҳои раъйпурсии конститутсионии кишвар самимона табрик гуфта, ба барномаи амалишавандаи дигаргуниҳои бебозгашти демократӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ дар Ӯзбекистони Нав ҷонибдории ҳамаҷониба изҳор намуда, ҳамчунин ба баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсии дар пешистода муваффақият орзу намуд.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ қайд карданд, ки суръати баланди муколама ва табодули дуҷониба тибқи тавофуқоти дар мулоқоти сатҳи олӣ дар шаҳри Тошканд моҳи октябри соли 2022 ҳосилшуда мушоҳида мешавад.

Дар ин давра дар Ӯзбекистон аввалин Конфронси робитаҳои минтақавӣ, Форуми навбатии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷаласаи солонаи Шӯрои идоракунандагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пурсамар баргузор гардид.

Мубодилоти молии Ӯзбекистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз аввали соли ҷорӣ 70 дарсад афзоиш ёфтааст. Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо иштироки ширкатҳои пешрафтаи аврупоӣ дар соҳаҳои баландтехнологии иқтисодиёти кишвари мо аз 20 миллиард евро гузашт.

Раҳбарони Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо дар масъалаҳои вусъат додани ҳаҷм ва диверсификатсияи тиҷорати дуҷониба, дароз кардани низоми имтиёзноки савдои “GSP+”, рушди масирҳои самарабахши нақлиётӣ, пеш аз ҳама долони  транзити Транс-Каспий, татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои давлатӣ дар соҳаи энергетикаи "сабз", инноватсия ва технологияҳои баланд, рақамикунонӣ, экология, маориф, туризм ва дигар самтҳо алоҳида истода гузаштанд.

Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт. Аҳамияти идомаи машваратҳо ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон таъкид гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: