Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Туркманистон мулоқоти телефонӣ анҷом дод

29 июн Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

29 июн Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқоти телефонӣ анҷом дод.
Сарвари давлати мо Президенти Туркманистонро бо зодрӯзаш самимона табрик намуда, ба ӯ саломатии бардавом, беҳбудӣ ва муваффақиятҳои азим, инчунин ба халқи туркман сулҳ ва шукуфоӣ таманно кард.
Зимни сӯҳбат масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақавӣ баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандии амиқ қайд карда шуд, ки ба шарофати робитаҳои мунтазам ва пурсамар дар сатҳи олӣ муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Туркманистон пайваста таҳким меёбанд.
Аҳамияти идомаи саъю кӯшишҳои муштарак барои вусъат додани ҳаҷми савдои тарафайн, амиқтар кардани кооператсия дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва дигар, тақвияти мубодилаи фарҳангию гуманитарӣ таъкид гардид. Нақши калидии Комиссияи байниҳукуматӣ дар пешбурди лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ қайд гардид.
Роҳбарон ба масъалаҳои ташкили мулоқоти навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ соли равон дар Туркманистон алоҳида истода гузаштанд. Дар бораи омодасозии ҳамаҷонибаи барномаи чорабинии бисёрҷонибаи дарпешистода созиш ба даст оварда шуд.
Президентҳо инчунин оид ба рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, рушди вазъи ҳарбию сиёсӣ дар Афғонистон, аз ҷумла дар музофотҳои ҳаммарзи шимолии ин кишварро баррасӣ карданд.
Мулоқоти телефонии президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон дар фазои анъанавии самимона, дӯстона ва корӣ гузашт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: