Президенти Ӯзбекистон бо Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон мулоқоти телефонӣ анҷом дод

7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Раиси Халқ Маслаҳатии Генгеши Миллии Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Дар он масъалаҳои мубрами рушд ва амиқсозии минбаъдаи  муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии Ўзбекистону Туркманистон баррасӣ гардиданд.

Дар оғози суҳбат роҳбари давлатамон ба Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов саломи самимӣ ва орзуҳои нек расонд.

Ба натиҷаҳои пурсамари мулоқоту чорабиниҳои сатҳи олӣ дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Туркманистон рӯзҳои 20-21 октябри соли равон баҳои баланд дода шуд.

Муҳимияти татбиқи амалии тавофуқҳо ва созишномаҳои ба имзо расида, аз ҷумла бо роҳи идомаи робитаҳо ва табодули фаъоли байнипарлумонӣ қайд карда шуд.

Ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи нишасти Созмони кишварҳои туркӣ, ки охири ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, баррасӣ шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: