Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 июл Раиси иҷлосияи 75-уми Асссамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Волкан Бозкирро, ки аз мамлакати мо боздид менамояд, пазируфт.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 июл Раиси иҷлосияи 75-уми Асссамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Волкан Бозкирро, ки аз мамлакати мо боздид менамояд, пазируфт.
Бинобар масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор ба амал омада, пешомади васеъ гардондани ҳамкории бисёрнақшаи Ӯзбекистон бо СММ ва муассисаҳои махсуси он баррасӣ гардид.
Сарвари давлатамон дараҷаи баланди ҳамкории мамлакатро бо институтҳо ва сохторҳои Созмон оид ба чунин самтҳои устувор, мисли муваффақ гардидан ба Мақсадҳои рушди устувор, таъмини амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, мубориза бар зидди даъват ва таҳдидҳои замонавӣ, аз он ҷумла паси сар намудани оқибатҳои пандемияи коронавирус бо қаноатмандӣ таъкид намуд.
Ӯзбекистон ба сифати узви Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ташаббусҳои муҳимро фаъолона пеш бурда, дар татбиқи рӯзномаи ҷаҳонӣ дар ин соҳа иштирок мекунад.
Ба ғайр аз ин, дар тӯли солҳои охир бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон як қатор резолютсияҳои Ассамблеяи Генералӣ оид ба чунин масъалаҳои калидӣ мисли таҳкими ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ, рушди устувор ва дастгирии сайёҳӣ дар минтақа, маърифат ва кушодадилии динӣ, созмон додани минтақаҳои инноватсия ва технологияҳои экологӣ дар назди Арал коркард ва қабул шуд.
Раиси иҷлосияи ҷории Ассамблеяи Генералии СММ Волкан Бозкир баланд гардидани нуфузи Ӯзбекистонро дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дар майдончаи СММ, инчунин аз ҷониби ҷомеаҳои байналмилалӣ васеъ дастгирӣ гардидани ташаббусҳои глобалӣ ва минтақавии пешвои мамлакатамонро алоҳида таъкид намуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди муносибатҳои шарикӣ оид ба ҷанбаҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ва минтақаи Осиёи Марказӣ, баробарии гендерӣ ва дастгирии ҷавонон, аз он ҷумла бинобар хатти парлумонҳо, ҳифзи муҳити зист, таъмини дастрасӣ ба ваксинаҳо ва дигарҳо баррасӣ шуданд.
Ба ғайр аз ин, ба масъалаҳои танзими осоиштаи вазъият дар Афғонистон истода гузаштанд.
Бинобар ҷамъбасти вохӯрӣ оид ба идома додани муколамаи наздик ва самарабахши байни Ӯзбекистон ва институти СММ оид ба самтҳои устувори ҳамкории мутақобилан судманд созиш ба даст омад.
ӮзА.