Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 12 июл раиси Коллегияи Комиссияи иқтисодии Авруосиё Михаил Мясниковичро қабул кард.
Самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, пеш аз ҳама дар бахшҳои тиҷорат, ҳамкориҳои саноатӣ, нақлиёту логистика, инноватсия, муҳоҷират ва сайёҳӣ баррасӣ шуданд.
Сарвари давлатамон ҳамкориҳои системавии Ӯзбекистонро бо сохторҳои Созмон ҳамчун давлати нозир махсусан қайд намуд.
Меморандум ва Нақшаи чорабиниҳои муштарак то соли 2023 амалӣ карда мешаванд. Имрӯз рӯйхати самтҳои иловагии ҳамкорӣ ба имзо расид.
Динамикаи мусбати афзоиши нишондиҳандаҳои савдои мутақобила ва сармоягузорӣ бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтӣисодии Авруосиё бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.
Ба масъалаҳои минбаъда барҳам додани монеаҳои тиҷоратӣ, таҳкими кооператсияи саноатӣ ва ҳавасмандии робитаҳои соҳибкорон, рушди ҳамкориҳои лоиҳавӣ, пешбурди лоиҳаҳо ва барномаҳо дар соҳаи транзит, соддагардонии расмиёти муҳоҷират ва тавсеаи табодули сайёҳон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Дар бораи баргузории ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории муштарак созиш ҳосил шуд.