Президенти Ӯзбекистон бо раиси раёсати ширкати “ACWA Power” мулоқот анҷом дод

16 ноябр дар доираи ҷамъомади якуми Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо раиси раёсати ширкати “ACWA Power” Муҳаммад Абдулло Абунайён мулоқот анҷом дод.

Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ ва дурнамои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд баррасӣ шуданд.

Сарвари давлатамон ба саҳми ширкат дар пешбурди лоиҳаҳои модернизатсияи инфрасохтори энергетикӣ ва бунёди иншооти энергияи барқароршаванда дар минтақаҳои гуногуни кишварамон баҳои баланд дод.

Аҳамияти ҷалби сармояи ширкат барои рушди энергетикаи водородӣ, бунёди неругоҳҳои бодӣ, омода кардани кадрҳои баландихтисоси миллӣ бо иштироки мутахассисони хориҷӣ таъкид шуд.

Муҳаммад Абдулло Абунайён омодагии ширкатро барои рушди ҳамкориҳои дарозмуддат ва ҳамаҷониба бо Ӯзбекистон, инчунин барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои соҳибкорони Ӯзбекистону Саудӣ дар семоҳаи аввали соли оянда дар Тошканд тасдиқ кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: