Дар доираи барномаи кории сафари худ ба Олмон Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 3 май бо сарони ширкату институтҳои молиявии бонуфузи ин кишвар мулоқот анҷом дод.
Дар чорабинӣ аз ҷониби Олмон роҳбарони Кумитаи Шарқии иқтисоди Олмон, Шӯрои соҳибкорони Олмон-Ӯзбекистон, Агентии энергетикии Олмон, роҳбарони тақрибан 30 ширкат ва бонкҳои калон, аз қабили CLAAS, Knauf, Siemens Energy, Lasselsberger, Aurubis, Linde Group, Gunter Papenburg, Falk-Porsche-Technik, Mangold Consulting, DB Engineering, Landesbank, Commerzbank, KfW Bank, Deutsche Bank ва ғайра ширкат варзиданд.
Мулоқот дар ин формат бори аввал моҳи январи соли 2019 зимни сафари расмии сарвари давлатамон ба ҶФО баргузор шуда буд.
Дар натиҷа дар Ўзбекистон як қатор лоиҳаҳои баландтехнологӣ оид ба навсозии соҳаҳои иқтисодиёт ба кор андохта шуданд, шарикии тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба дараҷа назаррас фаъол гардид.
Президенти Ӯзбекистон мулоқотро ифтитоҳ намуда, сатҳи баланди эътимод ва эҳтироми мутақобила дар муносибатҳо бо Олмонро таъкид кард. Дар кишвари мо бо иштироки шарикони олмонӣ зиёда аз 60 лоиҳа ба маблағи умумии 5 миллиард евро амалӣ карда мешавад.
Танҳо дар солҳои охир ҳаҷми сармоягузории Олмон 4 миллиард евроро ташкил дод, шумораи корхонаҳои муштарак ду баробар афзуд. Дар Ӯзбекистон чунин «локомотивҳои» иқтисодиёти Олмон ба монанди CLAAS, Knauf, Gunter Papenburg, Linde Group ва Falk-Porsche-Technik бомуваффақият кор мекунанд.
Шӯрои тиҷоратии Олмон ва Ӯзбекистон таҳти раёсати Сарвазири Ӯзбекистон механизми муҳим барои мунтазам «муқоиса кардани соатҳо» гардид.
Президент таъкид кард, ки дар татбиқи тавофуқҳои пешрафт ва нақшаҳои минбаъдаи муштарак, ки дар ҷараёни сафари имрӯз ба даст омадаанд, маҳз доираҳои тиҷоратӣ нақши калидӣ дошта бошанд.
Ҳамин тариқ, дар ҳошияи бизнес-форуми Ӯзбекистону Олмон, ки ба қарибӣ баргузор гардид, як қатор созишномаҳои нави тиҷоратӣ, молиявӣ ва сармоягузорӣ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои саноатӣ ва густариши шарикии технологӣ ба маблағи 9 миллиард евро ба имзо расиданд.
Сухан дар бораи лоиҳаҳои бузургмиқёс дар соҳаҳои энергетикаи «сабз», рушди инфрасохтори нақлиётӣ, металлургия, обтаъминкунӣ, кишоварзӣ, саноати кимиё, истихроҷи маъдан, автомобилсозӣ, нассоҷӣ, электротехникӣ ва дигар соҳаҳо меравад.
Дар назар аст, ки ҳамкориҳо дар бахши бонку молия, аз ҷумла оид ба масъалаҳои маблағгузории лоиҳаҳо бо чунин бонкҳои бузурги Олмон, аз қабили Deutsche Bank, Commerzbank, KfW ва Landesbank густариш дода шаванд.
Президент Шавкат Мирзиёев омодагии Ўзбекистонро бобати майдончаи самарабахш ва боэътимод гардидан барои тиҷорати Олмон дар воқеъияти нави зарбаҳои васеъмиқёс ва ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳонӣ таъкид намуд.
Бо ин мақсад барои сармоягузорон шароити зарурӣ ва имкониятҳои беназир, низоми мусоиди фискалӣ фароҳам оварда шуда, – миқдори андозҳо коҳиш дода, меъёрҳои андози арзиши иловагӣ паст карда, як қатор боҷҳои гумрукӣ бекор карда шуданд. Ислоҳоти маъмурӣ гузаронда шуд.
Мувофиқи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Ӯзбекистон кафолатҳо оид ба таъмини дахлнопазирии моликияти хусусӣ пурзӯр гардонда, қоидаҳо дар бораи аз ҷониби давлат фароҳам овардани шароити рақобати одилона ва мустақилияти ҳокимияти судӣ ба таври возеҳ сабт шудаанд.
Махсусан таъкид шуд, ки ҳоло давлат ҳуқуқи сармоягузорон ва ҳимояи онҳоро дар судҳо кафолат медиҳад. Минбаъд на соҳибкорон, балки ниҳодҳои давлатӣ бояд қонунӣ будани қарорҳои худро исбот кунанд. Ва ҳар гуна номуайянии пайдошуда ба фоидаи сармоягузорон шарҳ дода мешавад.
– Вақте сармоягузори хориҷӣ дар бораи Ӯзбекистон фикр мекунад, бояд пеш аз ҳама субот, эътимод ва хотирҷамъӣ барои оянда пеши назараш падид ояд, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев. – Мо омодаем, ки барои ҳар як соҳибкори олмонӣ тамоми шароитро фароҳам орем, то дар кишвари мо худро озод ва эътимод ҳис кунад. Коркардҳои пешқадам ва технологияҳои инноватсионии Олмонро бо захираҳо ва потенсиали инсонии Ӯзбекистон муттаҳид намуда, мо ба натиҷаҳои бузург ноил шуда метавонем.
Мулоқот бо соҳибкорон бори дигар таваҷҷуҳи бузурги доираҳои тиҷоратии Олмонро ба густариши ҳамкорӣ нишон дод.
Зимни мубодилаи афкор намояндагони доираҳои соҳибкории олмонӣ ба аҳамияти амалии ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон амалӣ карда мешаванд, баҳои баланд доданд, ки барои нақшаҳои боз ҳам баландтар ва дарозмуддати бизнеси олмонӣ ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ дар кишвари мо замина фароҳам меорад.
Дар мулоқот аз тарафи роҳбарони ширкатҳои немис таклифҳои дақиқ пешниҳод карда шуданд. Омодагӣ барои идомаи минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ ва тавсеаи кооператсия дар самтҳои афзалиятнок бо ҷорӣ намудани қарорҳои баландтехнологӣ ва инноватсионӣ изҳор карда шуд.
Президент Шавкат Мирзиёев ба намояндагони бизнеси олмонӣ барои ташаббусҳои муҳим самимона изҳори сипос намуда, аз муколамаи пурмазмуни баргузоршуда изҳори қаноатмандӣ карда, ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор супориш дод, ки “харитаи роҳ”-ро, ки такмили муштараки лоиҳаҳо ва умуман татбиқи созишномаҳои дар рафти сафар ба дастомадаро пешбинӣ менамояд, тасдиқ намоянд.