Президенти Ӯзбекистон бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон ташриф меорад

Бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 26-27 январ бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон ташриф меорад.

Мулоқоти дуҷонибаи раҳбарони ду кишвар дар Бишкек баргузор мешавад.

Рӯзномаи музокироти сатҳи олӣ маҷмӯи кулли масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Қирғизистонро дар бар мегирад.

Ба рушди тиҷорати мутақобила, дастгирии барномаҳои кооператсияи саноатӣ ва пешбурди лоиҳаҳои инфрасохтори минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Бинобар ҷамъбасти ҳамоиш қабул намудани бастаи хеле зиёди ҳуҷҷатҳои муштарак ба нақша гирифта шудааст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: