Президенти Ӯзбекистон бо сафари расмӣ ба Италия ташриф меорад

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Италия Сержо Маттарелла 7-9 июн Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари корӣ ба ин кишвар ташриф меорад.

Мулоқотҳои сатҳи олӣ дар шаҳри Рим баргузор мешаванд. Сарвари давлати мо бо Президенти Италия Сержо Маттарелла ва Сарвазир Ҷорҷ Мелони мулоқот хоҳад кард.

Масъалаҳои актуалии инкишофи минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Италия ва ҳамкории амалӣ дар самтҳои устувор баррасӣ хоҳанд шуд. Аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи байналхалқӣ мубодилаи афкор барпо мегардад.

Ба ғайр аз ин, роҳбари Ўзбекистон бо директори генералии Ташкилоти озуқаворӣ ва хоҷагии қишлоқи Созмони Милали Муттаҳид Цюй Дуню, ки қароргоҳаш дар пойтахти Италия воқеъ аст, мулоқот мекунад. Дар назар аст, ки ҷанбаҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ баррасӣ шаванд.

Барномаи кории сафар дар шаҳри Милан баргузор мешавад - Президенти Ӯзбекистон губернатори музофоти Ломбардияро ба ҳузур пазируфта, бо раҳбарони ширкату созмонҳои бонуфузи Италия "мизи мудаввар" баргузор мекунад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: