Президенти Ӯзбекистон бо сарвари парлумони Эрон масоили густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаро баррасӣ кард

  • Президенти Ӯзбекистон бо сарвари парлумони Эрон масоили густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаро баррасӣ кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо сарвари парлумони Эрон масоили густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаро баррасӣ кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо сарвари парлумони Эрон масоили густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаро баррасӣ кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо сарвари парлумони Эрон масоили густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаро баррасӣ кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 13 июл ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эронро таҳти сарварии раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ Муҳаммад Боғир Ғолибоф қабул кард.

Масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Эрон, инчунин рӯзномаи кунунии минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Сарвари давлатамон робитаҳои фаъол ва табодули судмандеро, ки ба нигоҳ доштани суръати баланд ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ӯзбекистон ва Эрон дар самтҳои афзалиятнок мусоидат мекунанд, бо қаноатмандӣ қайд намуд.

Афзоиши нишондиҳандаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод мушоҳида мешавад -- аз аввали сол ҳаҷми муомилоти мол 40 дарсад афзоиш ёфта, теъдоди корхонаҳои муштарак ва лоиҳаҳо аз 360 гузашт. Моҳи феврал ҷамъомади навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва анҷумани тиҷоратӣ бо иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва корхонаҳои пешқадами ҳар ду мамлакат форуми тиҷоратӣ бомуваффақият гузашт. Дар моҳҳои оянда як қатор чорабиниҳои муҳими дуҷониба ба нақша гирифта шудаанд.

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ саломи самимӣ ва орзуҳои неки Президенти Эрон Иброҳим Раисиро ба раҳбари Ӯзбекистон расонда, пайравии ҷониби Эронро ба амиқгардонии равобити ҳамаҷонибаи байни кишварҳои дӯсти мо ва бо муҳтавои мушаххас ғанӣ гардондани он таъкид кард.

Зимни мулоқот ба масъалаҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои афзоиши ҳаҷми муомилоти моли мутақобила, пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи нақлиёт ва логистика, татбиқи барномаҳои табодули илмию техникӣ, фаъолсозии робитаҳо дар сатҳи минтақаҳо ва тиҷорат таваҷҷуҳи алоҳида дода шуд.

Гуфта шуд, ки муколамаи пурсамари байнипарлумонӣ барои татбиқи амалии созишномаҳо ва пешбурди лоиҳаҳои ояндадори ҳамкориҳои мутақобилан судманд идома дода шавад. Дар бораи вазъияти Афгонистон низ мубодилаи афкор сурат гирифт. Аҳамияти вусъат додани ёрӣ ба мақсади ноил шудан ба сулҳу осоиши дарозмуддат ва азнавсозии иҷтимоию иқтисодии ин мамлакат таъкид шуд.

Ба ғайр аз ин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз он ҷумла рӯзномаи ҳамоиши пешистодаи Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанд моҳи сентябри соли ҷорӣ баррасӣ гардиданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: