Президенти Ӯзбекистон бо сарвари Ҳукумати Покистон суҳбати телефонӣ анҷом дод

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 апрел бо иҷрокунандаи вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Сарони давлатҳо ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон якдигарро самимона табрик гуфта, ба халқҳои дӯсти ду кишвари ҷаҳон саодатмандӣ ва пешрафти минбаъда таманно намуданд.

Рафти иҷрои «харитаи роҳ»-и муштарак, ки бинобар натиҷаи сафари давлатии сатҳи баланд ба Покистон 3-4 марти соли равон қабул шуда буд, баррасӣ гардид. Муҳимияти татбиқи саривақтии лоиҳа ва барномаҳои ҳамкории гуногунҷанба, пеш аз ҳама дар соҳаҳои савдо, саноат, кишоварзӣ, дорусозӣ, сайёҳӣ, фарҳанг ва дигари афзалиятнок таъкид гардид.

Инчунин оид ба масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Дар анҷоми суҳбат роҳбари Ӯзбекистон ба роҳбари Ҳукумат ва мардуми Покистон бомуваффақият баргузор кардани рӯйдоди муҳими сиёсии дарпешистода – интихоботи парлумонӣ дар кишварро таманно намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: