Президенти Ӯзбекистон бо Сарвазири Белорус дурнамои рушди ҳамкориҳои амалиро баррасӣ кард

  • Президенти Ӯзбекистон бо Сарвазири Белорус дурнамои рушди ҳамкориҳои амалиро баррасӣ кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо Сарвазири Белорус дурнамои рушди ҳамкориҳои амалиро баррасӣ кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо Сарвазири Белорус дурнамои рушди ҳамкориҳои амалиро баррасӣ кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Белорус Роман Головченкоро, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии «ИННОПРОМ. Осиёи Марказӣ», ки дар ин рӯзҳо дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, ба ҳайати Белорус раҳбарӣ мекунад, ба ҳузур пазируфт.

Масъалаҳои татбиқи тавофуқнома ва созишномаҳои дар ҷараёни сафари сатҳи баланд ба Белорус дар моҳи августи соли 2019 қабулшуда баррасӣ шуданд.

Динамикаи баланди рушди ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Беларус, ки солҳои охир зикр гардид, бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.

Аз ҷумла, афзоиши муътадили нишондиҳандаҳои савдои байниҳамдигарӣ мушоҳида карда мешавад, ки аз аввали соли ҷорӣ 57 фоиз афзуд. Ҳамкории корхонаҳои пешқадами ҳар ду мамлакат дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт вусъат меёбад.

Ба зиёд кардани ҳаҷм ва таъмин намудани муомилоти мутаносиби мол, аз ҷумла бо роҳи интиқоли бевоситаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва саноат, рушди шабакаи хонаҳои савдо диққати махсус дода шуд.

Муҳимияти пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои мошинсозӣ, электротехника, дорусозӣ, саноати нассоҷӣ ва хӯрокворӣ, маҷмӯи кишоварзӣ ва соҳаи сайёҳӣ таъкид гардид.

Ҳамчунин дурнамои кушодани иқтидори ҳамкориҳои байниминтақавӣ, дастгирии муштараки барномаҳои инноватсионӣ ва табодули фарҳангӣ-гуманитарӣ низ баррасӣ шуд.

Дар бораи аз ҷониби ҳукуматҳои ду кишвар қабул кардани “харитаи роҳ” оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди амалӣ байни Ӯзбекистон ва Белорус  мувофиқа шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: