Президенти Ӯзбекистон бо Сарвазири Гурҷистон роҳҳои васеъ намудани ҳамкории амалиро муҳокима намуд

  • Президенти Ӯзбекистон бо Сарвазири Гурҷистон роҳҳои васеъ намудани ҳамкории амалиро муҳокима намуд
  • Президенти Ӯзбекистон бо Сарвазири Гурҷистон роҳҳои васеъ намудани ҳамкории амалиро муҳокима намуд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 19 июл Сарвазири Гурҷистон Ираклий Ғарибашвилиро пазируфт, ки дар мамлакатамон бо ташрифи расмӣ ҳузур дорад.

Зимни мулоқот истиқболи пеш бурдани лоиҳаҳои муштарак ва барномаҳои ҳамкории амалии байни ду мамлакат, пеш аз ҳама дар соҳаи нақлиёт ва логистика, савдо, ҳамкории саноатӣ баррасӣ гардиданд.

Ба масъалаҳои босамар ба кор андохтани потенсиали транзит, аз он ҷумла инфрасохтори бандаргоҳҳои Поти ва Батуми ҳангоми ҳамлу нақли амволи ватанӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд.

Ба имконоти мавҷуда барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои бофандагӣ, электротехникӣ, озуқаворӣ, дорусозӣ ва ғайра бо назардошти шароити муносибе, ки дар минтақаҳои озоди саноатии ҳудудҳои Ӯзбекистон ва Гурҷистон ба вуҷуд оварда шудааст, ишора гардид.

Ғайр аз ин таваҷҷуҳи тарафайн ба фаъол намудани табодули маданиву инсонпарварӣ ва афзоиши мавҷи сайёҳӣ таъкид шуд.

Дар бобати баргузор намудани ҷамъомади навбатии Комиссияи байниҳукуматии дуҷонибава қабули «харитаи роҳ» доир ба минбаъд вусъат додани ҳамкории мутақобилан судманд тавофуқ ҳосил шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: