Президенти Ӯзбекистон бонувонро бо ҷашнашон табрик намуд

  • Президенти Ӯзбекистон бонувонро бо ҷашнашон табрик намуд
  • Президенти Ӯзбекистон бонувонро бо ҷашнашон табрик намуд
  • Президенти Ӯзбекистон бонувонро бо ҷашнашон табрик намуд
  • Президенти Ӯзбекистон бонувонро бо ҷашнашон табрик намуд
  • Президенти Ӯзбекистон бонувонро бо ҷашнашон табрик намуд
  • Президенти Ӯзбекистон бонувонро бо ҷашнашон табрик намуд
  • Президенти Ӯзбекистон бонувонро бо ҷашнашон табрик намуд
  • Президенти Ӯзбекистон бонувонро бо ҷашнашон табрик намуд

Дар Конгресс-маркази байналхалқӣ чорабинии идона ба муносибати 8 Март – Рӯзи байналхалқии занон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок намуд ва нутқи табрикӣ эрод кард.

– Имрӯз ҳар яки мо бо эҳсоси миннатдории амиқ ба занони меҳрубон суханони меҳрбор мегӯем, ки онҳо эҷоди бузургтарини Худованд ба шумор рафта, модарони ғамхори мо, хоҳарони азиз, духтарони боназокатамон мебошанд. Шумо барои мо пеш аз ҳама таҷассумгари шуҷоат ҳастед. Мо худро дар наздатон, барои некӣ ва садоқататон, муҳаббат ва фазилататон ҳамешагӣ қарздор меҳисобем, – гуфт роҳбари давлат.

Воқеан занон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъият ҷойгоҳи махсус дорад. Ҳоло ҳозир дар ҷумҳурӣ занон 77 фоизи ходимони соҳаи тандурустӣ, 74 фоизи соҳаи маориф, 46 фоизи соҳаҳои саноат ва иқтисодиётро ташкил менамоянд. Қариб 2 ҳазор нафар занон дар ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар вазифаҳои роҳбарикунанда ҳастанд.

Агар соли 2017 дар соҳаи идоракунӣ 27 фоиз занон кор кунанд, ҳоло ин нишондод ба 33 фоиз расид, дар сафҳои ҳизбҳои сиёсӣ теъдоди онҳо аз 40 то 47 фоиз, дар соҳибкорӣ аз 21 то 37 фоиз расид.

Барои хизматҳои шоиста дар назди Ватан ва халқ 17 нафар занон ба мукофоти олии давлатӣ – унвони Қаҳрамони Ӯзбекистон мушарраф гаштаанд. Дар байни занони мамлакат 5 нафар академик, беш аз 700 нафар докторони илм ва қариб 3 ҳазор нафар номзади илм танҳо дар муассисаҳои таълими олӣ ҳастанд, бисёр занон соҳиби унвонҳои ифтихорӣ гаштаанд.

Дар мамлакатамон ба беҳсозии шароити зиндагӣ ва меҳнати занон эътибори афзалиятнок дода мешавад. Бо ин мақсадҳо соли гузашта беш аз 872 ҳазор нафар занон бо ҷойи кор таъмин карда шуданд. Беш аз 250 ҳазор ба касб ва пешаҳои соҳибкории бозоргир таълим дода шуданд.

Соли гузашта шароити зисти қариб 14 ҳазор нафар занон беҳтар гардида, дар доираи низоми «Дафтари занон» қариб ба 642 ҳазор нафар занон кумаки амалӣ расонда шуд.

Дар ҳоле ки Президент дар бораи пешниҳод намудани таълими босифат барои духтарон сухан меронд, гуфтаҳои маърифатпарвар-ҷадиди бузург Абдурауф Фитратро овард, ки мегӯяд: «Хидмати модарон дар тарбияи тамоми башарият беназир аст».

Солҳои охир дар бобати васеъ намудани дастрасии занон ба таълими олӣ корҳои муттасил анҷом дода шуд. Агар шаш сол пеш аз ин дар муассисаҳои таълими олӣ 110 ҳазор нафар духтарон таълим гиранд, ҳоло ҳозир қариб 500 ҳазор нафар таҳсил менамоянд. Бинобар тартиби нав беш аз 10 ҳазор нафар духтароне, ки ба магистратура дохил шудаанд, давлат ҳаққи таълимашонро пардохтааст. Ба беш аз 65 ҳазор донишҷӯдухтарон кредити таълимии бефоиз ҷудо карда шуд. Қариб 2 ҳазор нафар духтарони оилаҳои эҳтиёҷманд, инчунин беш аз 500 нафар занон, ки соҳиби панҷ соли собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос доранд, ба муассисаҳои таълими олӣ дар асоси квотаи алоҳида дохил шуданд.

– Ҳар гуна қонун ва қароре, ки мо дар Ӯзбекистон қабул менамоем, новобаста аз он ки чӣ гуна ислоҳот татбиқ мегардад, ман чун роҳбари давлат дар навбати аввал дар бораи шумо – модарони меҳрубонамон, хоҳарони ғамхорамон фикр мекунам, ки чӣ гуна масъалаҳо шуморо нигарон месозад.  Ман хидмат намуданро барои он ки шумо дар муҳити оилаи худ дар сулҳу фараҳмандӣ зиндагӣ кунед, тансиҳату хушбахт бошед, дар ҳаёти ҷамъият фаъолона иштирок намоед, қарз ва вазифаи муҳимтарини худ мешуморам. Чунки агар модарони муҳтарамаи мо, занон – такягоҳи оила ва ҷамъият, аз ҳаёти худ розӣ бошанд, пас тамоми халқамон розӣ мегардад ва Худованд низ моро дуо мекунад, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.

Бинобар фармон ва қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 6 марти соли ҷорӣ як гурӯҳ занон бо унвонҳои фахрӣ, орден ва медалҳо сарфароз гардонда шуда, 28 нафар духтарон бо Мукофоти давлатии ба номи Зулфия мушарраф гардиданд.

Дар чорабинии идона маросими тантанавор супурда шудани ин мукофотҳо баргузор шуд.

Занони иштирокдори ин чорабинӣ аз тамоми минтақаҳои мамлакат, ходимони вазорат ва идораҳои мухталиф идро дар атрофи мизи пурнеъмат ҷашн намуданд.

Дар чорабинӣ инчунин дипломатзанҳое, ки аз давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ намояндагӣ мекунанд, ширкат доштанд. Роҳбари давлат онҳоро низ бо ҷашн самимона табрик намуд.

Чорабинии идона бо консерти зебо анҷом ёфт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: