Бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чже Ин 30 октябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Анҷумани дуюми байналхалқии ҳамкории иқтисодии шимолӣ, ки дар шаҳри Сеул дар шакли конфронси видеоӣ баргузор шуд, иштирок кард ва суханронӣ намуд.
Бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чже Ин 30 октябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Анҷумани дуюми байналхалқии ҳамкории иқтисодии шимолӣ, ки дар шаҳри Сеул дар шакли конфронси видеоӣ баргузор шуд, иштирок кард ва суханронӣ намуд.
Бояд қайд кард, ки ин чорабинӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чже Ин баргузор мегардад. Ин дафъа дар кори он ҳамчунин сарони давлатҳои Қазоқистон, Туркманистон ва Муғулистон иштирок карданд.
Мувофиқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои қаробати наздик ва аксуламали муштарак ба оқибатҳои манфии паҳншавии ҷаҳонии иллати коронавирус, ҳамчунин вусъати минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанба ҳамаҷониба баррасӣ шуданд.
Дар суханронии худ сарвари давлати мо махсус таъкид намуд, ки дар шароити мураккаби ҷаҳон ва буҳрони ҷаҳонӣ маҳз чунин мулоқоти бисёрҷанба имкони ба таҳдид ва хурӯҷҳои нав самарабахш мубориза бурда, ба таъмин сохтани эътидол, беҳбуд ва рушди устувори кишварҳои мо мусоидат намуданро фароҳам меорад.
Ба ин муносибат Президенти Ӯзбекистон доир ба масъалаҳои муҳими сиёсати байналхалқӣ ва пешомади ҳамкориҳои тарафайни минтақавӣ таваққуф кард.
Аз ҷумла, зарурияти ҳамкории қарин ва шарикии васеи байналхалқӣ дар мубориза ба муқобили COVID-19 таъкид гардид.
Идома додани кори муштарак бинобар самтҳои асосӣ, аз ҷумла оид ба коркарди ваксинаҳо ва зардобҳои самарабахш, низомҳои ташхиси зуд ва дақиқи беморӣ дар пояи кластери дорусозӣ, ки якҷо бо ширкатҳои куриёӣ сохта мешаванд, таклиф карда шуд.
Ғайр аз ин муҳимияти бунёди лабораторияҳои замонавӣ ва бозсозии нуқтаҳои назорати санитарӣ дар сарҳадҳои мо, тайёр кардани шифокорони соҳибихтисос, бунёди корхонаҳо оид ба истифодаи партовҳои тиббӣ, ҷорӣ намудани низомҳои қаробати мониторинг ва пешгӯии саривақтии вазъиятҳои эпидемиологӣ дар минтақа таъкид гардид.
Роҳбари давлати мо махсус таъкид сохт, ки дар Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Куриё ба сифати яке аз интиқолдиҳандагони асосии технологияҳои рақамӣ ва «сабз» баҳо медиҳанд.
Изҳор гардид, ки Ӯзбекистон дар Ҳамоиши байналхалқии шарикӣ барои рушди «сабз» ва мақсадҳои ҷаҳонӣ то соли 2030-юм, ки соли оянда дар Сеул баргузор мегардад, фаъолона иштирок хоҳад кард.
Муҳимияти махсуси рушди самарабахши гузаргоҳҳои минтақавии нақлиётӣ таъкид шуд. Сухан, пеш аз ҳама, дар бораи дастгирӣ намудани хатсайрҳои Шоҳроҳи транссибир ва гузаргоҳи «Аврупои Ғарбӣ – Чини Ғарбӣ» бо лоиҳаи роҳҳои нави оҳан дар минтақаи мо меравад. Зарурияти воқеии ба дараҷаи нав, дараҷаи беш аз пеш баланд, ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн дар доираи ин шакл ва баргузор намудани ҷамъомади анҷуман бо иштироки сарони ҳукуматҳо зикр шуд.
Президент Шавкат Мирзиёев саъю кӯшишҳои фаъоли Президент Мун Чже Инро бобати муваффақ шудан ба сулҳи мустаҳкам дар Нимҷазираи Куриё ҳамчун саҳми муҳими ӯ дар таъмин сохтани амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ махсус таъкид сохт.
Барои мубодилаи васеи таҷриба баргузор намудани Анҷумани байналхалқии коршиносӣ оид ба масъалаҳои даст кашидан аз яроқи ядроӣ, созмон додани минтақаҳои аз силоҳи ядроӣ озод пешниҳод гардид.
Дар анҷоми суханронии худ роҳбари давлати мо таъкид сохт, ки Ӯзбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ шарикони махсуси стратегӣ ба шумор мераванд, таърихи муносибатҳои мо бошад чандин ҳазорсолаҳоро дарбар мегирад.
Изҳори эътимод карда шуд, ки анҷуман барои рушди ҳамкориҳои дарозмуҳлат ва бисёрҷанбаи кишварҳои мо ба манфиати сулҳ ва шукуфоии тамоми минтақа пешомадҳои нав боз мекунад. Мувофиқи барномаи чорабинӣ дар анҷуман президентҳои Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов баромад карданд, номаи Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулға қироат карда шуд.
ӮзА.