ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БУЗУРГТАРИН НАМОИШГОҲ ДАР ЧИН СУХАНРОНӢ МЕКУНАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин 4 ноябр ба иштирокчиёни маросими ифтитоҳи сеюмин Намоишгоҳи байналмилалии молҳои воридотӣ, ки дар шаҳри Шанхай баргузор мегардад, ба воситаи алоқаи видео паёми муборакбодӣ ирсол менамояд.

Мувофиқи рӯзномаи чорабинӣ роҳбари мамлакати мо ба ҷанбаҳои муҳимтарини тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодӣ, чораҳои якҷоя рафъ кардани бӯҳроне, ки дар натиҷаи пандемияи коронавирус ба амал омадаанд, диққат медиҳад.
Интизор меравад, ки як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ низ бо паёмҳои табрикӣ баромад мекунанд.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: