Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 май директори сариҷроияи Агентии рушди Фаронса Реми Риуро, ки дар ҷаласаи солонаи Шӯрои идоракунандагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар шаҳри Самарқанд иштирок мекунад, ба ҳузур пазируфт.
Ҷанбаҳои амалии тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Агентии рушди Фаронса дар доираи Барномаи нав ва “харитаи роҳ”-и ҳамкориҳо баррасӣ шуданд.
Айни замон Ӯзбекистон шарики пешбари Агентӣ мебошад. Портфели лоиҳаҳои муштарак дар соли гузашта сеяк афзоиш ёфта, 1,3 миллиард евроро ташкил медиҳад.
Лоиҳаҳои иқтисоди "сабз" ҷиҳати навсозии сектори коммуналӣ, аз ҷумла шабакаҳои обтаъминкунӣ, рушди инфрасохтори энергетикӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳо амалӣ карда мешаванд.
Ба пешбурди барномаҳои дастгирии соҳибкорӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои самарабахши шарикии давлатию хусусӣ, ҳамкорӣ бо сохторҳои Агентӣ – «ПРОПАРКО» ва «Экспертиз Франс» таваҷҷуҳи махсус дода шуд.