Президенти Ӯзбекистон дар ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамояд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров 21 июл аз шаҳри Чӯлпонатои Қирғизистон барои иштирок дар чорабиниҳои Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ боздид ба амал меорад.

Интизор меравад, ки дар кори ҳамоиш зери раёсати ҷониби Қирғизистон инчунин президентҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ширкат менамоянд.

Дар рӯзномаи мулоқоти пешвоёни мамлакатҳои минтақа масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ, аз он ҷумла дар соҳаҳои савдо, нақлиёт ва логистика, ҳамкории саноатӣ, инноватсия, бехатарии озуқаворӣ, сайёҳӣ табодули маданиву инсонпарварӣ  шомиланд.

Ба мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар заминаи таваҷҷуҳи муштарак ба хатар ва ситезаҳо ба суботнокии имрӯз ва рушди устувори Осиёи Марказӣ эътибори алоҳида нигаронда мешавад.

Дар ниҳояи ҳамоиш қабул намудани чандин ҳуҷҷати муҳими бисёрҷониба пешбинӣ гаштааст.

Махсус бояд таъкид кард, ки ташаббус дар бораи баргузор намудани Мулоқоти машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев соли 2017 зимни ҷамъомади 72-юми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида буд.

Ҷамъомади якуми пешвоёни минтақа моҳи марти соли 2018 дар Нурсултон, ҳамоиши дуюм моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканд, вохӯрии сеюм моҳи августи соли гузашта дар Минтақаи миллии сайёҳии «Аваза»-и Туркманистон баргузор гардидаанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: