Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар поёни ҷаласаи умумии нишасти Ҷунбиши бетарафӣ бо сарони ҳайатҳо ва раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ як қатор мулоқотҳо анҷом дод.
Дар сӯҳбат бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов масъалаҳои пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, коммуникатсия ва энергетика баррасӣ шуданд.
Бо амири Аморати Рас-ал-Хайма, узви Шӯрои олии Аморати Муттаҳидаи Араб Шайх Сауд ибни Сакр Ал-Қосимӣ масъалаҳои ҷалби ширкатҳои пешрафта ба ташаккул ва татбиқи портфели нави лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.
Бо Раиси иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ Чаба Кёрёшӣ оид ба рӯзномаи ҷаласаи умумии дарпешистодаи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ табодули афкор сурат гирифт.
Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили дар бораи корҳо оид ба омодагӣ ва баргузории ҷаласаи навбатии Ассамблеяи генералии ЮНИТО 16-20 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Самрақанд хабар дод.
Масъалаҳои вобаста ба иҷрои барномаи якҷояи тайёр кардани кадрҳои соҳаи туризм низ баррасӣ шуданд.