Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар чаҳорчӯби барномаҳои чорабиниҳои нишасти БРИКС президенти Бонки нави рушд Дилма Русефро ба ҳузур пазируфт.
Масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ин ниҳоди бонуфузи молии бисёрҷониба баррасӣ шуданд.
Барнома ва лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ва рушди технологӣ, дастгирии бахши иҷтимоӣ, навсозии саноат, инфрасохтор ва логистика, рақамикунонӣ, энергетика ва шабакаҳои коммуналӣ ҳамчун самтҳои ояндадори шарикӣ қайд карда шуданд.
Дар бораи таъсиси гурӯҳи муштараки коршиносӣ оид ба омода кардани лоиҳаҳои мушаххаси ҳамкорӣ созиш ҳосил шуд.