Президенти Ӯзбекистон имконияти васеъро барои ҳамкории муфиди тарафайн бо пешқадамтарин ширкатҳои Фаронса таъкид кард

  • Президенти Ӯзбекистон имконияти васеъро барои ҳамкории муфиди тарафайн бо пешқадамтарин ширкатҳои Фаронса таъкид кард
  • Президенти Ӯзбекистон имконияти васеъро барои ҳамкории муфиди тарафайн бо пешқадамтарин ширкатҳои Фаронса таъкид кард
  • Президенти Ӯзбекистон имконияти васеъро барои ҳамкории муфиди тарафайн бо пешқадамтарин ширкатҳои Фаронса таъкид кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 май ҳайати Фаронсаро зери раҳбарии ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, вазир-делегат оид ба масъалаҳои савдои беруна, ҷолибияти иқтисодӣ ва корҳои шаҳрвандони Фаронса дар хориҷ Оливе Бешт қабул намуд.

Масъалаҳои пешбарӣ ва тезондани лоиҳаҳои мушаххаси ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузориву молиявӣ бо иштироки ширкат ва ташкилотҳои пешқадами фаронсавӣ дар мамлакатамон баррасӣ гардиданд.

Дар аввали мулоқот вазир Оливе Бешт саломи гарм ва паёми шахсии Президенти Фаронса Эммануэл Макронро расонд.

Роҳбари давлат бо қаноатмандии том ҷамъбасти босамари ҷамъомади Комиссияи байниҳукуматӣ, ки имрӯз дар нимаи аввали рӯз дар Тошканд баргузор гардид ва миссияи кории Ҷунбиши «Медеф»-ро ба мамлакатамон моҳи апрели соли ҷорӣ зикр намуд.

Пешрафт дар бобати лоиҳаҳои стратегие, ки дар соҳаи энергетикаи «сабз», соҳаи истихроҷ, такомули инфрасохтори сайёҳӣ ва шабакаҳои коммуналӣ, инчунин дар дигар самтҳои бартаринок ба амал татбиқ мегарданд, таъкид шуд.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои фаронсавӣ ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи шаҳрсозӣ, нақлиёт, саноати бофандагӣ, истеҳсоли намудҳои нави масолеҳи сохтмон зиёд мегардад.

Раҳбари Ӯзбекистон нақшаи таъсиси Палатаи савдои Ӯзбекистону Фаронса ва татбиқи низоми босамари дастгирии ташаббусҳои кориро истиқбол намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: