Президенти Ӯзбекистон ҷаласаи солонаи Шӯрои идоракунандагони БАТР-ро мекушояд

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар ҷаласаи солонаи 32-юми Шӯрои идоракунандагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба шаҳри Самарқанд омад. Сарвари давлати мо дар иҷлосияи умумии ҷамъомад суханронӣ мекунад.

Дар кори ҳамоиш президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Одил Рено-Бассо, ноиби президенти Комиссияи Аврупо Валдис Домбровскис, раиси Шӯрои мудирони БАТР Магнус Бруннер, беш аз 2,5 ҳазор сарварон ва намояндагони ҳукуматҳои хориҷӣ, корпоратсияҳои пешқадами трансмиллӣ ва холдингҳои саноатӣ, институтҳо ва бонкҳои байналмилалии молиявӣ, инчунин коршиносон ва таҳлилгарони соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, молия ва инноватсия, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва журналистон аз беш аз 70 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд.

Чорабинӣ платформаи муҳим барои муҳокимаи васеъ ва таҳлили амиқи дурнамои иқтисоди ҷаҳонӣ, таҳияи тавсияҳо ҷиҳати таъмини рушди устувори он мебошад.

Мавзӯъҳои марказии форум сармоягузорӣ ба суботи иқтисодӣ, ҳавасмандгардонии савдои байналмилалӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия, суръат бахшидан ба рақамисозӣ, модернизатсияи инфрасохтори молиявӣ, дастгирии тиҷорати хурд ва миёна, пешбурди барномаи иқтисоди "сабз" хоҳанд буд.

Дар ҳошияи форум як қатор мулоқотҳои сарвари давлатамон бо сарони ҳайатҳои хориҷӣ ба  назар гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки БАТР дар пешбурди барномаи ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакатамон фаъолона иштирок мекунад.

Соли сеюм аст, ки Ӯзбекистон аз лиҳози ҳаҷми сармоягузории ин институти пешрафтаи молиявӣ дар минтақа пешсаф аст. Сандуқи лоиҳаҳои Бонк ҳоло беш аз 3 миллиард евроро ташкил медиҳад, ки дар он ҳиссаи сармоягузориҳо ба сектори хусусӣ беш аз 55 фоиз мебошад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: