Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 29 июл сарони ҳайати давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро, ки дар чорабиниҳои ҷамъомади Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои СҲШ дар пойтахтамон иштирок мекунанд, қабул кард.
Дар вохӯрӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраманям Ҷайшанкар, муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мухтар Тлеубердӣ, узви Шӯрои давлатӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Билавал Бхутто Зардорӣ, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, инчунин котиби генералии Созмон Чжан Мин ва директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Руслан Мирзаев иштирок карданд.
Вазифаҳои афзалиятноки ҳамкории бисёрҷониба ва дурнамои рушди минбаъдаи СҲШ баррасӣ шуданд. Ба натиҷаҳои фаъолияти муштарак дар давраи гузаштаи раёсати Ӯзбекистон дар иттиҳод ва рӯзномаи пешистодаи ҳамоиш дар шаҳри Самарқанд моҳи сентябри соли ҷорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Сарвари давлатамон ба вазирони кишварҳои СҲШ муроҷиат намуда, таъкид кард, ки имрӯз дар ҷаҳон дигаргуниҳои бунёдӣ, ки оқибатҳояшро пешгӯӣ кардан душвор, пешакӣ гуфта нашаванда ҷараён дорад. Норасоии эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ бештар эҳсос мегардад.
Роҳбари Ӯзбекистон вайроншавии занҷирҳои анъанавии кооператсионӣ ва логистикӣ, тезутунд шудани вазъият дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ ва энергетикӣ, афзоиши босуръати нишондиҳандаҳои инфлятсия ва бад шудани вазъи иҷтимоиву иқтисодиро дар аксари кишварҳои ҷаҳон нишон дод.
Дар ин шароити душвор талабот ба ҳамоҳангсозии самарабахш ва ҳамкории наздики бисёрҷониба барои вокуниши муносиб ба даъватҳои замонавӣ ба амният ва рушди устувор афзоиш меёбад.
Баланд гардидани майлу рағбат ба СҲШ ва ба роҳ мондани ҳамкории амалӣ бо Созмон тасодуфӣ нест. Имрӯз дархостҳои беш аз 10 кишвар барои иштирок дар кори он дар ин ё он мақом мавриди баррасӣ қарор доранд.
Президенти давлатамон таъкид намуд, ки СҲШ яке аз созмонҳои пурзӯр бинобар иқтидори сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмию интеллектуалӣ ба ҳисоб меравад. Ба кишварҳои Созмон тақрибан чоряки маҷмӯи маҳсулоти ҷаҳонӣ ва нисфи аҳолии сайёра рост меояд.
Дар робита ба раисии Ӯзбекистон дар СҲШ роҳбари кишварамон бо қаноатмандӣ баргузории беш аз 70 чорабинии муҳимро қайд намуд. Ҳамоҳангсозии 28 ҳуҷҷат, ки қабули онҳо бинобар натиҷаи ҳамоиши Самарқанд пешбинӣ шудааст, ба анҷом расид.
Дар байни онҳо консепсия ва барномаҳои ҳавасмандгардонии тиҷорати дохилиминтақавӣ, кооператсияи саноатӣ ва алоқаи нақлиётӣ мавҷуданд. Лоиҳаҳои муштарак ва чорабиниҳо дар соҳаҳои иқтисодиёти «сабз», инноватсия, технологияҳои рақамӣ, логистика, кишоварзӣ, тиб ва дигарҳо дар арафаи коркард қарор доранд.
Сарвари давлатамон як қатор ҷанбаъҳои бунёдии рушди минбаъдаи СҲШ-ро нишон дод. Сухан дар бораи нигоҳ доштани мақоми ғайриблокии Созмон, пурзӯр гардондани иқтидор оид ба муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав, нигоҳ доштани мақоми «мағзи ҷуғрофӣ»-и СҲШ барои Осиёи Марказӣ, пешбурди лоиҳаҳои пайвасти фаросарҳадӣ ва ҷалби фаъолонаи Афғонистон дар равандҳои иқтисодии минтақавӣ меравад.
Дар хотима пайравии Ӯзбекистон ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва некҳамсоягӣ, ҳамкории васеъмиқёс дар фазои СҲШ ба манфиати кишварҳову халқҳоямон таъкид гардид.
Меҳмонони олиқадр ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, аз номи роҳбарони кишварҳояшон саломи самимӣ ва таманноҳои беҳтарин расонданд.