5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чинро таҳти сарварии узви бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби Кумитаи ҳизби шаҳри Тянсзин Чэн Минэр қабул кард.
Дар оғози мулоқот Чэн Минэр салом ва беҳтарин таманниёти Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро ба роҳбари кишварамон расонд.
Мувофиқи созишҳои сатҳи олӣ масъалаҳои шарикии ҳамкории бисёрҷанба ва амалии байни Ӯзбекистон ва Чин, бахусус, дар чаҳорчӯби муколамаи фаъоли минтақавӣ амиқсозии минбаъдаи онҳо баррасӣ шуданд.
Дастовардҳои Ӯзбекистон ва Чин дар солҳои охир бобати муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегӣ бо мамнунияти бузург қайд гардид.
Ба пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи Тянсзин дар соҳаҳои савдо, саноат, энергетикаи «сабз», сохтмон ва модернизатсияи инфрасохтор, кишоварзӣ, нассоҷӣ, дорусозӣ ва дигар соҳаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.
Аҳамияти густариши барномаҳои табодул дар соҳаҳои инноватсия, маориф ва фарҳанг таъкид гардид.
Дар бораи қабули “харитаи роҳ” оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни минтақаҳои Ӯзбекистон ва шаҳри Тянсзин ба созиш расиданд.