3 феврал Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Майкл Ричард Помпеоро, ки бо сафари расмӣ ба кишвари мо омада буд, қабул кард.
3 феврал Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Майкл Ричард Помпеоро, ки бо сафари расмӣ ба кишвари мо омада буд, қабул кард.
Роҳбари давлати мо рушди муттасили муносибатҳои бисёрҷанбаи ӯзбекистониву амрикоиро, ки солҳои охир ҷиҳати устувор, мунтазам ва боэътимод пайдо карданд, бо қаноатмандии амиқ таъкид намуд.
Фаъол шудани мубодилаҳо дар доираи татбиқсозии муоҳидаҳои баимзорасидаи сафари таърихӣ дар сатҳи олӣ, ки моҳи майи соли 2018-ум ба ИМА содир шуда, дар байни кишварҳои мо даврони нави шарикии стратегиро боз намуда буд, махсус таъкид гардид.
Мулоқоти пурмуҳтавои сиёсӣ, аз ҷумла бинобар рӯзномаҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ ба роҳ монда шуданд. Ҳамкориҳо дар ҷанбаҳои савдову иқтисод, сармоя, соҳаҳои техникӣ, молиявӣ, аграрӣ, энергетикӣ, таълим, ҳифзи ҳуқуқ ва маданиву инсонпарварӣ вусъат пайдо мекунанд.
Тӯли чанд соли охир мубодилаи мол ду баробар афзуд.
Бо иштироки ширкатҳои пешқадами ИМА дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвари мо лоиҳаҳои пешомаднок татбиқ мегарданд. Ҳаҷми умумии сармояҳои Амрико аз 1 миллиард доллар гузашт.
Аз соли таҳсили нав дар мамлакати мо филиали Донишгоҳи Вебстер кори худро оғоз кард.
Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида ба Президенти Ӯзбекистон барои пазироии гарм миннатдории амиқ изҳор намуда, салому паёмҳои неку самимиро аз номи Президент Доналд Трамп расонид.
Аз ҷониби Амрико садоқати қатъии дастгирии муттасили истиқлолияти давлатӣ, озодӣ ва якпорчагии ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори дигар тасдиқ гардид.
Майкл Помпео ба натиҷаҳои ислоҳоти демократӣ ва иқтисодӣ, ки дар Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, баҳои баланд дод.
Роҳбари идораи сиёсати хориҷии Амрико ҳамчунин таъкид сохт, ки рушди устувори Ӯзбекистон барои амиқсозии муносибатҳои дуҷониба асоси мустаҳкамро фароҳам меоварад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ эътибори махсус дода шуд. Котиби давлатӣ аз баргузории бомуваффақияти вохӯрии навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА, ки дар Тошканд ба вуқӯъ пайваст, изҳори хушнудӣ кард.
Таъкид шуд, ки ба шарофати сиёсати сарвари Ӯзбекистони нав дар ташаккули муҳити эътимод, шарикӣ ва некӯҳамсоягии минтақа пешрафти азим ба даст омад. Натиҷаҳои пурмаҳсули Мулоқоти дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи ноябри соли 2019 дар пойтахти кишвари мо баргузор шуд, махсус таъкид гардид.
Дар соҳаи иқтисод бинобар дастгирии тарафайн доир ба вусъатёбии иштироки ширкатҳои пешқадами амрикоӣ дар бозори Ӯзбекистон муоҳидаҳои мушаххас ба имзо расиданд.
Майкл Помпео изҳор дошт, ки алҳол дар Ӯзбекистон барои ташаббусҳои тиҷоратие, ки миқёси ҳамкориҳои тарафайни тиҷоративу иқтисодиро даҳҳо баробар зиёд карда метавонанд, имкониятҳои васеъ мавҷуданд.
Ғайр аз ин қайд шуд, ки ҷониби Амрико бобати тезондани ҷараёни ворид шудани кишвари мо ба Созмони умумиҷаҳонии савдо кӯмаки ҳамаҷониба мерасонад.
Масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории конструктивӣ дар соҳаи «нақши инсонӣ», аз ҷумла дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмин сохтани ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, татбиқ намудани барномаҳои иҷтимоӣ баррасӣ шуданд.
Доир ба масъалаҳои пешбурди ҷараёни танзими сулҳ дар Афғонистон, ҳамчунин ҷалб сохтани ин мамлакат ба ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мубодилаи муфассал ба амал омад.
Майкл Помпео саъю кӯшишҳои фаъоли Ӯзбекистонро, ки ба пойдории сулҳу эътидол, татбиқсозии лоиҳаҳои мушаххаси инфрасохтории истиқрори иҷтимоию иқтисодии Афғонистон нигаронида шудаанд, дастгирӣ кард.
Дар хотима ҳамҷиҳатии тарафайн бобати таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкории амалии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъкид шуд.
ӮзА.