Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 июн Котиби генералии Иттиҳоди байнипорлумонӣ Мартин Чунгонгро, ки дар мамлакатамон барои иштирок дар Анҷумани байналхалқии ҳамкории ҷаҳонии байнипорлумонӣ дар татбиқи Мақсадҳои рушди барқарор қарор дорад, қабул кард.

Масъалаҳои минбаъд васеъ намудани шарикии мамлакатамон бо ин ташкилоти байналхалқии бонуфуз баррасӣ гардиданд.
Роҳбари давлат аҳамияти идома додани гуфтугӯи муфид ва ҳамкории зич доир ба самтҳои бартаринок, мисли пеш бурдани ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва амиқсозии бозсозиҳои демократӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон ва таъмини баробарии ҷинсӣ, дастгирии ҷавононро таъкид намуд.
Бояд таъкид кард, ки соли 2017 Ӯзбекистон иштироки худро дар кори иттиҳод барқарор намуд ва имрӯз дар ниҳодҳои иҷроияи он комилан ваколат дорад. Имсол Олий Маҷлис ҳуҷҷати алоҳидаро дар заминаи мустаҳкамсозии муносиботи пурра бо Иттиҳоди байнипорлумонӣ қабул намуд.
Дар навбати худ Котиби генералӣ Мартин Чунгонг пешрафти назаррасро дар инкишофи парламентаризм дар мамлакатамон махсус таъкид кард, инчунин ташаббусҳои ҷаҳонии Ӯзбекистонро дар ин соҳа олӣ арзёбӣ ва дастгирӣ намуд.
Дар бобати тайёрии муштарак ва баргузор намудани чандин чорабинии байналхалқӣ бо мақсади табодули васеи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва ифшо намудани потенсиали калони ҳамкории бисёрҷанба тавофуқ ба амал омад.
ӮзА.