ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН МУОВИНИ КОТИБИ ДАВЛАТИИ ИМА-РО ПАЗИРУФТ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 август муовини Котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои сиёсӣ Дэвид Хейлро пазируфт

Роҳбари давлати мо меҳмонро самимона хайра мақдам гуфта, рушди муттасили муносибатҳои бисёрҷанбаи ӯзбекистониву амрикоиро, ки тӯли солҳои охир мушоҳида мешаванд, бо қаноатмандии амиқ зикр кард.
Таъкид шуд, ки вохӯриҳои сермаҳсул дар сатҳи олӣ, ки моҳи майи соли гузашта дар Вашингтон баргузор шуданд, барои шарикии стратегии ду мамлакат ибтидои даври нав гардиданд. 
Дар навбати худ дипломати амрикоӣ ба сарвари Ӯзбекистон барои пазироии самимӣ миннатдорӣ баён карда, ба ӯ паёму саломҳои беҳтарини Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ва Котиби давлатӣ Майкл Помпеоро расонид.
Бинобар суханони Дэвид Хейл ҷониби Амрико ба дигаргуниҳое, ки дар соҳаҳои сохтори давлатӣ ва ташаккул додани ҷомеаи муқтадири шаҳрвандии Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, ҳамчунин ба  ислоҳоте, ки ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати ҳаёти аҳолӣ, таъмин сохтани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон нигаронида шудаанд, баҳои баланд медиҳад. 
Изҳор гардид, ки саъю кӯшишҳои Ӯзбекистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бинобар таҳкими муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар минтақа дастгирӣ карда мешаванд. 
Вобаста ба масъалаҳои танзими сулҳхоҳонаи вазъият дар Афғонистон ва ҷалби фаъоли кишвари мазкур ба ҷараёнҳои минтақа табодули афкор ба амал омад.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои дуҷониба ва вобаста ба рӯзномаи байналхалқӣ низ баррасӣ шуданд. 
Фаъол гардидани робитаҳо ва пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои савдову иқтисодиёт, сармояҳо, инноватсияҳо, таълим ва маданияту инсонпарварӣ бо иштироки ширкатҳо, бонкҳо ва созмонҳои машҳури амрикоӣ бо қаноатмандӣ таъкид гардид. 
Ба дастгирӣ намудани ташаббусҳои корчаллонӣ бинобар натиҷаҳои аввалин ҳайати сертификатдори иқтисодии ИМА дар  Ӯзбекистон, ки моҳи июни соли равон ба амал омад,  эътибори махсус дода шуд. 
Дар хотимаи вохӯрӣ муовини Котиби давлатӣ Дэвид Хейл ҷонибдории қатъии ИМА ба рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байни кишварҳои моро таъкид кард.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: