Президенти Ӯзбекистон муҳим будани амиқсозии минбаъдаи ҳамкориҳои созанда бо сохторҳои СММ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро қайд намуд

  • Президенти Ӯзбекистон муҳим будани амиқсозии минбаъдаи ҳамкориҳои созанда бо сохторҳои СММ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро қайд намуд
  • Президенти Ӯзбекистон муҳим будани амиқсозии минбаъдаи ҳамкориҳои созанда бо сохторҳои СММ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро қайд намуд
  • Президенти Ӯзбекистон муҳим будани амиқсозии минбаъдаи ҳамкориҳои созанда бо сохторҳои СММ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро қайд намуд

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 март Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Фолкер Туркро қабул кард.

Масъалаҳои мубрами инкишофи минбаъдаи гуфтушуниди созанда ва ҳамкории амалии байни Ӯзбекистон ва сохторҳои СММ дар масъалаҳои пешбурди манфиатҳо ва ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуданд.

Сарвари давлатамон бо қаноатмандӣ сатҳи баланди ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳидро дар ин самт, ки тайи солҳои охир ба даст омадаанд, қайд намуда, таъкид кард, ки ҳимояи манфиатҳо ва ҳуқуқи инсон афзалияти асосии стратегияи ислоҳот дар Ӯзбекистон мебошад, ки он ба Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид комилан ҳамоҳанг аст.

Комиссари олии СММ ба дастовардҳои Ӯзбекистон дар барҳам додани меҳнати кӯдакон ва маҷбурӣ, пешбурди баробарии гендерӣ, таъмини мустақилияти судӣ ва волоияти қонун баҳои баланд дод.

Қабули Барномаи миллии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар соли таҷлили 75-умин солгарди Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, аз ҷониби кишвари мо ба тасвиб расидани Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи маъюбон, таъсиси механизми миллии пешгирикунандаи ҷилавгирӣ аз шиканҷа бо иштироки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин баргардонидани занону кӯдакон аз минтақаҳои муноқиша ва фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои реинтегратсияи иҷтимоии онҳо махсусан қайд карда шуд.

Интихоби Ӯзбекистон ба Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар солҳои 2021-2023, инчунин қабули як қатор резолютсияҳо оид ҳуқуқи ҷавонон бо ташаббуси мамлакатамон шоҳиди эътирофи васеи комёбиҳо дар соҳаи таъмини ҳуқуқи инсон  гардид.

Комиссари олӣ азми қатъии сохторҳои Созмони Милали Муттаҳидро бобати идомаи дастгирии ислоҳоти бебозгашт дар Ӯзбекистон тасдиқ кард. Омодагӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ҷиҳати таҳкими нақши институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мониторинги ҳуқуқи инсон, омодасозии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои ислоҳӣ изҳор гардид.

Дар натиҷаи мулоқот оид ба таҳкими минбаъдаи муколамаи созанда ва амиқсозии ҳамкориҳои амалӣ, аз ҷумла тавассути татбиқи барномаву лоиҳаҳои муштарак мувофиқа ҳосил шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: