Президенти Ӯзбекистон нақши муҳими Шўрои пирони Созмони давлатҳои туркиро дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ қайд намуд

  • Президенти Ӯзбекистон нақши муҳими Шўрои пирони Созмони давлатҳои туркиро дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ қайд намуд
  • Президенти Ӯзбекистон нақши муҳими Шўрои пирони Созмони давлатҳои туркиро дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ қайд намуд
  • Президенти Ӯзбекистон нақши муҳими Шўрои пирони Созмони давлатҳои туркиро дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ қайд намуд

Дар доираи чорабиниҳои Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 март раиси Шӯрои пирони Созмони давлатҳои туркӣ, муовини раиси Ҳизби адолат ва рушди Туркия Бинали Йилдиримро, ки ба кишварамон бо боздиди корӣ омадааст, қабул кард.

Дар оғози мулоқот Бинали Йилдирим саломи самимӣ ва орзуҳои неки Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдӯғонро ба сарвари давлатамон расонд.

Роҳбари Ӯзбекистон сатҳи кунунии муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркияро бо қаноатмандӣ қайд намуд. Ҳаҷми муомилоти моли мутақобила меафзояд, лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ҷиҳати бунёди саноати муосир ва навсозии инфрасохтор амалӣ мегарданд, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ таҳким меёбанд.

Дар айни ҳол ба баргузории ҷамъомади навбатии  Шӯрои ҳамкории стратегии сатҳи олии Ӯзбекистону Туркия омодагии фаъол дида мешавад.

Масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони давлатҳои туркӣ баррасӣ шуданд. Ба татбиқи амалии тавофуқоти дар нишасти Истанбули Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи ноябри соли гузашта ҳосилшуда таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.

Пешбурди ташаббусу лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои тиҷорат, нақлиёт ва логистика, ҳамкориҳои саноатӣ, рушди “иқтисоди сабз”, инноватсия ва интиқоли технологияҳои олӣ аз ҷумлаи онҳост. Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: