Президенти Ӯзбекистон потенсиали калони ҳамкориро бо минтақаи Ломбардия таъкид кард

  • Президенти Ӯзбекистон потенсиали калони ҳамкориро бо минтақаи Ломбардия таъкид кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи чорабиниҳои рӯзи дуюми ташрифи расмӣ ба Италия дар шаҳри Милан бо губернатори Ломбардия Аттилио Фонтана вохӯрд.

Ломбардия, ки дар қисми шимолии Италия ҷой гирифтааст, яке аз серҷамъияттарин ва бузургтарин минтақаҳои мамлакат ба шумор рафта, ба шумори минтақаи аз лиҳози иқтисодӣ тараққикардаи Италия дохил мегардад. Ин минтақа аз тамоми ММД мамлакат 22 фоизашро ташкил менамояд ва бинобар ин нишондод дар Иттиҳоди Аврупо ҷойи панҷумро ишғол мекунад.

Дар аввали мулоқот роҳбари давлат Аттилио Фонтанаро бо ба вазифаи губернаторӣ такроран интихоб гардиданаш табрик намуда, дар фаъолияташ дар ин вазифа тавфиқ хост.

Гуфтугӯҳое, ки дар доираи сафар бо Президенти Италия Серҷо Маттарелло ва Сарвазир Ҷорҷа Меланӣ босамар анҷом ёфтанд, бо қаноатмандӣ таъкид гардиданд, ки зимни ин мулоқотҳо дастгирии рушди робитаҳои байниминтақавӣ иброз гардид.

Дар вохӯрӣ ҷанбаҳои амалии ҳамкории муфиди тарафайн, дар навбати аввал дар соҳаи савдову сармоя муҳокима гардиданд.

Соли гузашта табодули амволи минтақаҳои Ӯзбекистон бо Ломбардия 83 фоиз афзуд. Моҳи апрел парвози байни Милан ва Тошканд барқарор гардид.

Робитаҳои мустаҳками шарикӣ бо ширкатҳои маъруфи минтақа, мисли Pietro Fiorentini, Terranova, Danieli, Fin, Opera ва ғайра ба роҳ андохта шудааст.

Президенти Ӯзбекистон аҳамияти афзоиши номгӯйи лоиҳаҳои муштараки савдову сармоя, ҳарчи бештар ҷалб намудани технология ва дониши пешқадами Италияро ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ӯзбекистон таъкид кард.

Ногузирии омодагии зудтари Барномаи доманфарохи ҳамкорӣ бо Ломбардия, дар Самарқанд баргузор намудани анҷумани муштараки сармоягузорӣ таъкид шуд.

Ба масъалаҳои амиқсозии ҳамкории саноатӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои пеш бурдани ташаббусҳои тиҷоратӣ, татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлативу хусусӣ дар соҳаи тиббиёт, рушди инноватсия, васеъ сохтани алоқаҳои маданиву гуманитарӣ, инчунин дар ҳар ду тараф баргузор намудани Рӯзҳои маданият эътибори алоҳида нигаронда шуд.

Губернатор ба Президенти мамлакатамон барои дастгирии ҳамаҷонибаи лоиҳа ва ташаббусҳои корчаллонҳои Ломбардия дар Ӯзбекистон изҳори миннатдорӣ намуд. Омодагиро барои аз ҳар ҷиҳат ҳамдастӣ намудан ба шарикии тиҷоратии доманфарох ва ба тарафайн муфид бо минтақаҳои мамлакатамон собит намуд.

Дар поёни мулоқот роҳбари давлатамон ба Аттилио Фонтана дар омодагӣ ба Олимпиадаи зимистонаи соли 2026, ки дар Ломбардия баргузор мегардад, муваффақият таманно намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: