31 май Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Тускро қабул кард, ки ба мамлакатамон бо ташрифи корӣ омадааст.
Роҳбари давлат меҳмони олирутбаро самимона хайрамақдам гуфта, бо мамнунияти зиёд қайд кард, ки бо Иттифоқи Аврупо сиёсати конструктивӣ бурда, дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, инноватсия, илмиву техникӣ ва маданиву гуманитарӣ ҳамкориҳои амалӣ босамар рушд меёбад.
Соли ҷорӣ, ки аз рӯзи барқарор намудани муносибати дипломатӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иттифоқи Аврупо 25 сол пур мегардад, ташрифи нахустини Президенти Шӯрои Аврупо ба мамлакатамон аз васеъ намудан ва мустаҳкам гардондани мушорикати бисёрҷанба ҳар ду ҷониб ҳам манфиатдор буда, аз ба он азм намудан далолат медиҳад.
Маҷлисҳои мунтазами шӯрои ҳамкорӣ ва кумитаи «Ӯзбекистон – ИА», рушд ёфтани табодули байнипарлумонӣ, ташрифи Вакили олии Иттифоқи Аврупо доир ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати бехатарӣ Федерика Могеринӣ ва дигар вакилони олимартаба ба мамлакатамон дар солҳои охир аз фаъол гардидани алоқаҳои тарафайн далолат менамоянд.
Дар байни мамлакатамон ва ИА музокирот дар бораи васеъ гардондани шарикӣ ва ҳамкорӣ аз рӯи лоиҳаи аҳду паймони нав шурӯъ гардидааст.
Ҳаҷми табодули мол ва миқдори лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо мамлакатҳои Иттифоқи Аврупо зиёд мегардад. Барои боз ҳам зиёд намудани савдои тарафайн ва сармоягузорӣ ба хотири ба вуҷуд овардани шароити муносиб машваратҳо бурда мешаванд.
Ғайр аз ин ҳамкорони аврупоӣ дар бобати ба Ташкилоти савдои ҷаҳон аъзо гардидани Ӯзбекистон кӯмак медиҳанд.
Бо Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо шарикӣ дубора ба роҳ андохта шуда, васеъ мегардад, дар ҷанбаҳои устувори иқтисодиёти мамлакатамон бо иштироки Бонки сармоягузории Аврупо аввалин лоиҳаҳои муштарак ба амал татбиқ мегарданд.
Дар доираи барномаҳои «Горизонт –2020», «Эразмус плюс» табодулҳои фаъоли илмӣ ва таълимӣ ба амал татбиқ мегарданд.
Дар мулоқот эътибори асосӣ ба масъалаҳои ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, инноватсия ва сармоягузорӣ, нақлиёт, илм, таълим ва тандурустӣ нигаронда шуда, дар ин ҷанбаҳо ҳамкориро барои боз ҳам васеъ гардондан ишора гардид.
Таъкид гардид, ки ислоҳоти ҷории либерализатсияи соҳаи иқтисодиёти мамлакат барои боз ҳам фаъол кор бурдани намояндагони тиҷорати назарраси Аврупо дар диёрамон, барои фаъол ҷалб намудани навтарин технология, таҷрибаи пешқадам ва стандартҳои баланд ба мамлакатамон имкониятҳои навро ба вуҷуд меоранд.
Бино бар стратегияи нави Иттифоқи Аврупо дар бобати Осиёи Марказӣ дар минтақа пурзӯр намудани ҳамкории тарафайн муҳим мебошад.
Президенти Шӯрои Аврупо ба кӯшишҳои Ӯзбекистон дар заминаи бартарафсозии оқибатҳои манфии ҳалокати экологии ҳавзаи баҳри Арал баҳои баланд дода, иброз намуд, ки барои дар асоси шарикӣ дар доираи фонди Траст барои минтақаи ҳавзаи Арал фаъолона ҳамкорӣ намудан омода аст.
Инчунин дар заминаи масъалаҳои муҳими дорои аҳамияти байналхалқӣ ва минтақавӣ, аз он ҷумла бо роҳи сулҳ ҳал намудани вазъият дар Афғонистон табодули фикр ба амал омад.
Дар поёни суҳбат таъкид гардид, ки дар роҳи таъмин намудани тараққиёти муттасил ва барқарории минтақа боз ҳам мустаҳкам намудани домани шарикӣ ва васеъ гардондани ҳамкории бисёрҷанба кӯшишҳои ҷонибҳо қатъӣ ва муштарак мебошад.
ӮзА.