ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН РАИСИ ДУМАИ ДАВЛАТИИ РУСИЯРО ПАЗИРУФТ

16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳайати Думаи Давлатии Ҷамъомади федералии Федератсияи Русияро таҳти сарварии раиси он Вячеслав Володин, ки дар кишвари мо бо сафари расмӣ омадааст, қабул кард.

Роҳбари давлат меҳмононро самимона хайрамақдам гуфта, бо қаноатмандии амиқ қайд намуд, ки мулоқоти мунтазам ва сермаҳсули дараҷаи олӣ ба муносибатҳои шарикии стратегӣ ва тифоқии байни ду мамлакат ривоҷи куллан нав дода, онҳоро бо мазмуни мушаххас сарпур мекунанд.
Аз ин нуқтаи назар сафари ҳолоинаи ҳайати олии Думаи Давлатӣ боз як тасдиқи саъю кӯшишҳои дутарафа барои ҳамаҷониба тезонидани ҳамкориҳои бисёрҷанба ба шумор меравад.
Дар навбати худ Вячеслав Володин ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои пазироии гарм миннатдории самимӣ изҳор карда, салом ва паёмҳои беҳтарини Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро расонд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ бино бар масъалаҳои рушди минбаъдаи мулоқоти сиёсӣ, вусъат додани ҳамкориҳои амалии тарафайн дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодиёт, сармояҳо, нақлиёту коммуникатсия, илму техника, таълим, маданияту инсонпарварӣ ва ғайра мубодилаи афкор ба амал омад.
Ба муҳимияти идома додани робита ва мубодилаҳои муттасили байнипарлумонӣ, аз ҷумла, бо истифодаи самарабахши механизмҳои дарамали ҳамкории байни палатаҳои парлумонҳои кишварҳои мо эътибори махсус дода шуд.
Ҳамкориҳои қарин бинобар ҷиҳатҳои гуногуни фаъолияти эҷоди қонун, дастгирии робитаҳои байниминтақавӣ ва лоиҳаҳои пешомадноки кооператсионӣ, кӯмакрасонӣ ба татбиқсозии муоҳидаҳои қабулшудаи дуҷониба ва серҷанба, аз ҷумла, дар доираи созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ ба сифати самтҳои афзалиятнок муайян шуданд.
Раиси Думаи Давлатӣ идома додани амиқсозии алоқаҳои байнипарлумониро ба мақсади таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои васеъмиқёси ӯзбекистониву русиягӣ таъкид намуд.
Дар анҷоми мулоқот меҳмони олиқадр барои баргузор кардани интихобот дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти намояндагӣ, ки соли равон баргузор мегардад, комёбӣ орзу кард.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: