ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ПАЗИРУФТ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 октябр ҳайати вакилони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти сарварии раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ин мамлакат Шукурҷон Зуҳуров пазируфт.

Сарвари давлатамон меҳмонро хайрамақдам гуфта, бо қаноатмандӣ таъкид намуд, ки мулоқоти мунтазам ва боэътимоди олидараҷа имкони ба дараҷаи баланди бемисл бардоштани ҳамкории дуҷонибаро фароҳам овард. Ба ин муносибат ба Ӯзбекистон омадани ҳайати парлумони Тоҷикистон боз як далели равшани таҳким ёфтани муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии ду мамлакати бародар мебошад.
Меҳмони олимартаба дар навбати худ ба Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев  барои пазироии самимӣ миннатдории амиқ изҳор намуда, салом ва таманноҳои неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонд.
Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки равобити тарафайн дар тамоми дараҷаҳо фаъол гардиданд. Ҳаҷми муомилоти мол афзуда, дар самтҳои саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар лоиҳаҳои кооператсия татбиқ мегарданд.
Мубодилаи байни минтақаҳои наздисарҳадӣ, инчунин соҳаҳои маданиву инсонпарварӣ вусъат меёбанд.
Ба мустаҳкам кардани равобити байнипарлумонӣ аҳамияти муҳим дода мешавад. 
Ба мақсади дар амал татбиқ намудани созишномаҳои дар дараҷаи олӣ ба дастомада муҳим будани ба роҳ мондани ҳамкории наздики муштараки кумитаҳо ва гурӯҳҳои байнипарлумонӣ таъкид гардид. 
Дар хотимаи вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, ки парлумони Тоҷикистон омодааст ба минбаъд мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегӣ бар манфиатҳои мамлакатҳои бародар ва халқҳо ҳамаҷониба кӯмак расонад. 
Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бомуваффақият гузарондани интихоботи парлумониро, ки моҳи декабри соли ҷорӣ баргузор мегардад, таманно намуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: