ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕРО ПАЗИРУФТ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 3 декабр раиси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро пазируфт.

Дар оғози мулоқот роҳбари давлатамон рушди босуръати муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии неки Ӯзбекистону Тоҷикистонро дар солҳои охир бо қаноатмандии махсус зикр намуд.
Таъкид шуд, ки бо шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ду давлати бародар пешрафти ҳамкории ҳамаҷониба миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, инчунин ба сатҳи шарики стратегӣ баровардани онҳо таъмин гардид.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Президенти Ӯзбекистон барои истиқбол изҳори сипос намуда, паёми шодбошӣ ва таманниёти самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ӯ расонид.
Зимни суҳбат паҳлӯҳои амалии густариши ҳамкории мутақобилан судманди байни пойтахтҳои ду мамлакат – Душанбе ва  Тошканд баррасӣ шуданд.
Масъалаи ба роҳ мондани муколамаи мунтазам дар чунин  самтҳо, ба монанди табодули таҷриба дар идоракунии шаҳрӣ ва рушди инфрасохтор, татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ ва барномаҳои ҳамгироии фарҳангиву гуманитарӣ дар асоси «харитаи роҳ» мавриди таваҷҷуҳи хоси ҷонибҳо қарор гирифт.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: