Президенти Ӯзбекистон роҳбари ширкати “Calik Holding”-ро ба ҳузур пазируфт

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 ноябр дар қароргоҳи “Кӯксарой” раиси раёсати ширкати “Calik Holding” Аҳмад Чаликро қабул кард.

Зимни мулоқот масъалаҳои амиқтар кардани ҳамкориҳои амалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раҳбари кишварамон сатҳи замонавии шарикӣ байни корхонаҳои пешбари Ӯзбекистон ва Туркия, инчунин мавҷуд будани иқтидори бузургро барои амиқсозии минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт бо мамнуният қайд кард. 

Роҳбари ширкати “Calik Holding” барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, азми қатъии ширкатро ба шарикии дарозмуддат ва васеъмиқёс изҳор намуд.

Оид ба дурнамои татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, саноати кимиё ва истихроҷи маъдан дар якҷоягӣ бо холдинги туркӣ табодули афкор сурат гирифт.

Дар поёни мулоқот дар мавриди таҳия ва тасвиби барномаи нави ҳамкориҳои сармоягузорӣ тавофуқ ҳосил шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: